Jump to content

Қаторкӯҳи Қаротоғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Қаротоғ
?
Макон

Қаротоғ, Қаротов — қаторкӯҳест дар соҳили рости ҷараёни миёнаи рӯди Вахш.

Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон. Аз шимол ба ҷануб (аз ағбаи Зардолу то обанбори Сарбанд) ба масофаи қариб 70 км тул кашидааст. Баландиаш то 1700 м. Қаторкуҳ аз таҳнишасти давраҳои юраи боло, табошир ва палеогену неоген таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳо ҳар гуна алафҳои даштӣ, хорбуттаҳо ва ҷо-ҷо дарахтони арча, бодоми талхак, дулона меруянд. Дар Қаротоғ таҳнишастҳои юраи боло намаксанг ва таҳнишастҳои палеоген оҳаксангу доломит доранд.