Кантата

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Кантата (лот. cantare - сурудан), асари мусиқии тантанавӣ, лирикӣ ё эпикии аз чанд қисми мукаммал иборат, ки барои овозхон – яккахон, ҳамчунин хор бо ҷӯршавии оркестр офарида мешавад.

Кантата аз рӯи сохт ва хусусияташ ба жанри оратория шабоҳат до-рад, вале бо мазмуну сюжет аз он фарқ мекунад (Кантата ҳаҷман хурд аст). Ба қавли Э. Гейзер: «К. садаи 17 дар Итолиё аввал дар шакли асари яккахонии лирикӣ ба вуҷуд омада, минбаъд бо операи камеравӣ қаробат пайдо кард. Дар Итолиё К. мазмуну мундариҷаи дунявӣ ва дар Олмон моҳиятӣ динӣ дошт. Образҳои барҷастаи динию дунявии Кантата хусусан дар эҷодиёти И.С. Бах (К.-ҳои дунявии «Қаҳвахона», «Деҳқон») ифода ёфтааст. Зинаи нави инкишофи жанри К. бо эҷодиёти В.А. Мотсарт алоқаманд аст. Ӯ зимни К. ва муноҷотҳояш услуби шаклан нави хорро ба вуҷуд овард, ки бо номи «Марсияҳо» машҳур аст. Дар Россия жанри К. дар садаи 18 пайдо шуд. Намунаи классикии Кантатаро П.И. Чайковский («Москва»), Н.А. Римский-Корсаков («Аз силсилаи Гомер»), С.Н. Танеев, С.В. Рахманинов ва дигарон офариданд. Композитори Шӯравӣ К.-ро ба замонию ҳозира мувофиқ кунонда, мавзӯъ ва моҳияти ҷамъиятию оммавии онро тақвият доданд. Дар Кантатаҳои Шӯравӣ мақоми хор баланд шуда ва сурудҳо тобишҳои халқию оммавӣ гирифтанд. Баробари мавзӯъҳои таърихии ватанпарварӣ («Александр Невский»-и С. Прокофев, «Дар майдони Куликов»-и Ю. Шапорин) дар мавзӯъҳои ҳозира низ К.–ҳо («Кантата дар бораи Ватан»-и А. Арутюнян, «Рӯзи меҳнат»-и С. Агабабов) эҷод шуданд». Як зумра композиторони тоҷик низ дар жанри Кантата бо рангубори хоси миллӣ асарҳои пурмазмун офаридаанд, ки Кантатаи «Садои Осиё»-и Х. Абдуллоев (шеъри М. Турсунзода, 1956), 4 Кантатаи А. Ленинский, «Кантата ба васфи Сталинобод» (шеъри А. Лоҳутӣ, 1940), «Ғалаба» (шеъри Миршакар, 1945) ва ғ.; 3 Кантатаи Ф. Баҳор («Зери парчами ту», шеъри М. Раҳимӣ, 1973) ва ғ.; 3 Кантатаи А. Одинаев «Аҳура Маздо» (1991) ва ғ.; 10 Кантатаи Я. Сабзанов «Ҷашни фирӯзӣ» (шеъри А. Сидқӣ, 1982), «Бахти рангин» (шеъри Лоиқ, 1984) ва ғ.; 5 Кантатаи З. Шаҳидӣ – «Кантата барои хор» (шеъри Миршакар, 1949), «Кантатаи идона», (шеъри Б. Раҳимзода, 1964) ва ғ.; Кантатаҳо барои хори бачагона ва оркестри симфонии М. Атоев «Дар оғӯши Ватан» (1974) ва А. Латифзода «Кантата» (1990) ва ғ. аз ҳамин қабиланд.[1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.170-171. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)