Ария

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ария (ит. aria – на фақат «суруд», балки «ҳаво», «шамол») — лавҳаи (эпизод) бунёдшудаи итмомёфта дар опера (кантата, оратория), ки онро овозхони яккахон бо ҷӯршавии оркестр иҷро мекунад.

Мувофиқи қоида, барои Ария хусусияти васеи сурудхонӣ хос ва аз ин унсурҳо бой аст. Барои пурра кушодани тавсифи қаҳрамон одатан, дар опера якчанд Ария бо тарзи образнокии таркибёфта дохил менамоянд. Арияҳо бо сохташон ҳархела мешаванд. Бештар шакли 3-қисмаи онро истифода мекунанд, кадоме ки дар қисми 3-юм, қисми 1-ум бетағйир такрор карда мешавад. Арияҳое низ ҳастанд, ки ҳамчун пиесаҳои вокалӣ дар консертҳои иҷро карда мешаванд (мас., Арияҳои консертии Мотсарт, Бетҳовен машҳуранд). Баъзан Арияҳоеро, ки хусусияти суруданро доранд, ҳамчун пиесаи созӣ ном мебаранд (мас., Ария аз Сюитаи №3-и И.С. Бах).

Композиторони тоҷик низ Арияро дар операҳояшон васеъ истифода намудаанд, ки Арияи Содиқ аз операи «Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов, Арияи Рӯдакӣ аз намоиши 3-юми операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, Арияи Мадан («Эй тор») аз намоиши 4-уми операи «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ ва ғ. мисол шуда метавонанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.37. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)