Капитализм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Капитализм (аз капитал)- сохти ҷамъиятӣ, ки ба моликияти хусусии капиталистон будани воситаҳои истеҳсолот ва аз тарафи капиталистон истисмор карда шудани меҳнати кироя асос ёфтааст; Капитализм сохти охирини истисморӣ, охирин форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодии антагонистӣ мебошад; зиддияти байни характери ҷамъиятӣ доштани истеҳсолот ва шакли капиталистии аз они худ карда шудани он зиддияти асосии Капитализм мебошад; ин зиддият дар муборизаи шадиди пролетариат бар зидди буржуазия, дар бесарусомонии истеҳсолот, кризисҳои иқтисодии харобиовар зоҳир мегардад; Капитализм дар рафти тараққиёти худ шароити ҳалокати худро тайёр мекунад; дар рафти задухӯрдҳои синфи коргар муташаккил мешавад, ҳамчун гӯркови капитализм ба майдон мебарояд. Дар зинаи муайяни тараққиёти капитализм ногузир бо сохти пешқадамтарин – сотсиализм иваз мешавад. Ба системаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани сотсиализм, барҳам хӯрдани системаи мустамликадорӣ боиси боз ҳам тезу тундтар шудани кризиси умумии Капитализм гардид ва ин аз ногузирии тамоман шикаст хӯрдани он шаҳодат медиҳад.