Каргас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Каргас
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ
ХАБАР ДАР БОРАИ ХАТОӢ
Параметри latin пур нашудааст

Каргас (Gups) - ҷинси паррандаи калони соҳибчангол, оилаи Aguilidae. Сар ва гардани Каргас бо парри кӯтоҳи сафед пӯшида шудааст.. Болу парраш сиёҳтоби бӯр буда, тобиши хокистари дорад. Болу параш сиёҳтоби бур буда, тобиши хокистари доранд; парҳои рулиаш сиёҳ, "гиребонаш" сафед мебошад. 5 намуди каргас дар Ҷануби Аврупо, Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва маркази, дар даштҳои хушк, саҳроҳо ва кӯҳҳои паст зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон 2 намуди каргаси сарсафед ва каргаси Химолой дучор мешаванд. Каргаси сарсафед дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёна, Крим, Қавқоз, Урал, Олтой пахн шудааст; дар Тоҷикистон дар районҳои шимоли, маркази ва ҷанубии ҷумҳури (дар баландии 400 - 300 метр аз сатҳи баҳр) дучор мешаванд. Каргас миқдоран хеле кам, бинобар он ба «Китоби сурхи ҳайвонҳои нодир ва аз байн равандаи СССР» дохил карда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.