Карим Иброҳимов
Карим Ризоевич Иброҳимов | |
Таърихи таваллуд | 6 март 1920 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1991 |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | КМ ҲК Тоҷикистон, Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-5),ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Ҷоизаҳо | Ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо |
Карим Ризоевич Иброҳимов (06.03.1920 - 1991, шаҳри Хуҷанд) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, номзади илмҳои таърих (1974), дотсент (1982). Карим Ризоевич Иброҳимов Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1940) ва Мактаби олии ҳизбии КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1958). Омӯзгор, мудири қисми таълими мактаби миёнаи н. Пролетар (1940-1942), хидмат дар сафи Артиши Сурх (1942-46), дастурдеҳи шуъбаи ҳарбии КМ ҲК Тоҷикистон (1946-1947), котиби кумитаи ҳизбии ш. Сталинобод, котиби якуми кумитаи ҳизбии н. Фархор, котиби кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947-53), котиби якуми кумитаи ҳизбии н. Сталинобод (1954-1956), роҳбари гурӯҳи лектории шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон (1957-1959), дастурдеҳи шуъбаи мақомоти ҳизбии КМ ҲКИШ оид ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (1959-1960), котиби кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (1960-62), котиби кумитаи ҳизбӣ дар раёсати ҳудудӣ-истеҳсолии колхозу совхозҳои Ӯротеппа (1962-1965), ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1965-1970), сармуаллим (1976-1979), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1976-1987). Муаллифи бештар аз 20 асари илмӣ оид ба масъалаҳои интернатсионализми сотсиалистӣ. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-5). Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.