Jump to content

Карина Капур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карина Капур
англ. Kareena Kapoor
Таърихи таваллуд: 21 сентябр 1980(1980-09-21)[1] (44 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: бозигари синамо
Корнома: 2000 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0004626
 Парвандаҳо дар Викианбор

Карина Капур (ҳиндӣ: करीना कपूर, урду: کرینا کاپور) — ҳунарпешаи синамои Ҳинд ва яке аз овозадортарин ҳунармандони Болливуд дар айни замон мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Карина Капур 21 сентябри соли 1980 дар шаҳри Мумбай дар хонаводаи Капур, яке аз номдортарин хонаводаҳои Ҳиндустон ба дунё омадааст. Вай абераи ҳунарпешаи шинохта Притҳвираҷ Капур, набераи ҳунарпеша ва продюсер Раҷ Капур ва духтари Рандҳир Капуру ҳунарпеша Баббита аст. Хоҳари Карина Каришма Капур низ аз ҳунарпешагони синамо аст.

Ҳунарнамоӣ дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Карина нахустин нақшашро дар филми «Фирорӣ»(соли 2000) иҷро кардааст. Ҳунарнамоӣ дар ин филм ӯро барандаи чанд ҷоизаи синамои Ҳиндустон кард ки аз ҷумла ҷоизаи Болливуд, ҷоизаи Film Fare Sensation Debut ва ҷоизаи Sansui аст. Филми «Фирорӣ» барои дигар ситораи навини синамои Ҳинд — Абҳишек Баччан низ нахустин филм буд.

Дувумин филми Карина барояш чандон шуҳратовар набуд, вале дар ин ҷо низ Карина Капур таваҷҷуҳи ро ба худ ҷалб намуд. Офаридани нақши Пуҷа дар филми «Дар шодиву ғам» ӯро маҳбуби ҳамагон гардонид (коргардон Яш Чопра, дар нақшҳои асосӣ дар баробари Карина Капур, Ранӣ Мукҳерҷӣ ва Ритик Рошан). Баъд аз ин филм ӯ ситораи ҳақиқии синамои Ҳинд гардид.

Карина мехост, ки аз нақшофарии аввалинаш cap карда, ӯро ҳамчун ҳунарпешаи асил бишиносанд ва ӯ ба ин ноил ҳам гардид.

  1. Ривояти ишқ, 2050
  2. Ҷаноби Меҳта ва хонуми Сингҳ
  3. Дӯстӣ (2005)
  4. Бевафо (2004)
  5. Эътироз (2004)
  6. Фидо (2004)
  7. Дев (2004)
  8. Хушӣ (2003)
  9. Талош (2003)
  10. Дар шодиву ғaм (2001)
  11. Аҷнабӣ(2001)
  12. Фирорӣ (2000)

Ин ҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Карина Капур дар базаи маълумоти Интернет