Jump to content

Касрати Намангонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Касрати Намангонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Касрати Намангонӣ (қарни XIX) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Касрат аз Марғелони Фарғона буда, пас аз таҳсили илм ва касби камол ба хидмати дарбори Умархони Амирӣ роҳ ёфт. Ӯ табъи хуби шоирӣ дошт ва аз нозукиҳои шеър огоҳ буд. Дар бадоҳатан гуфтани шеър низ маҳорат дошт. Аз Касратғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо ва абёти пароканда боқӣ мондаанд, ки дар тазкираҳо («Туҳфату-л-аҳбоб»-и Возеҳ, «Маҷмӯату-ш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ ва ғ.) ва баёзҳои қарни XIX сабт шудаанд. Мавзӯи ашъори Касрат: ишқу муҳаббат, тасвири манзараҳои табиат ва мадҳ. Касрат ҳунари хаттотӣ дошта, махсусан дар навиштани хатти насх моҳир будааст.

Абёти зер аз ӯст:

То ба гашти боғ он гулгунсавор омад бурун,
Гул ба пеши дидаи булбул чу хор омад бурун,
Бе ҳарими васли ту дилро набошад иззате,
Чун шунид девона то, аз кӯи ёр омад бурун.
Эй дил, аз қайди тааллуқ бигзару озода шав,
Ҳар кӣ Маҷнун шуд, зи ранҷи рӯзгор омад бурун.
Кам нагардад аз сари ӯ сояи боли Ҳумо,
Ҳар кӣ дар асри ту соҳибэътибор омад бурун.
Аз дари ӯ обрӯи дину дунё ёфтам,
Шукр, к-ин мискин ба даври шаҳриёр омад бурун.
Он, ки андар остони олии ӯ бор ёфт.
Аз такаллуфҳои қайди рӯзгор омад бурун.
Гашт то Касрат ғуломи даргаҳи султон Умар,
Дар миёни аҳли маънӣ номдор омад бурун.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]