Кафсан
Кафсан, кафсанг ё ҳаққуллоҳ — як навъ бахшиши анъанавии солона аз маҳсулоти кишоварзон.
Дар гузашта дар миёни мардуми кӯҳистон одате буд, ки деҳқонон пас аз ғалларо дар хирман бод дода шудан, як миқдори ками онро ба мардум дар роҳи Худо садақа мекарданд. Асосан, кафсан ба устоҳои оҳангар ва сартарош дода мешуд. Зеро онҳо дар тамоми сол бепул ба деҳқонон хидмат мекарданд ва кафсан аз сари хирман ба ивази хидмати устоҳо пардохта мешуд. Ҳар як деҳқон мувофиқи имконият ва даромадаш дар вақти ҷамъоварии ҳосил ба устоҳо як табақ ғалла (1-2 кг), як табақ тутмавиз ва як табақ ғӯзаи пахтадор инъом мекард. Дар баъзе деҳаҳои водии Рашту Дарвоз онро «ҳақи усто» ё «музди усто» меномиданд. Баъд аз устоҳо ба имом, оқсақоли деҳа ва шахсони наздик кам-кам кафсан медоданд. Дар деҳоти водии Зарафшон пеш додани аз кафсан аввал «ҳаққулло» («ҳаққи Аллоҳ»)-ро ҷудо карда, як тараф мемонданд ва пас аз анҷоми кафсандиҳӣ ё кафсанбаророн онро ба мардуми фақиру бенаво тақсим карда медоданд. Миқдори ҳаққуллоҳ аз 2 то 8 кг буда, ба арвоҳи «Бобои Деҳқон» – пири кишоварзон хайр карда мешуд. Ҳаққуллоҳ ва кафсан додан кори савоб ба ҳисоб рафта, пас аз анҷоми он ғалла барои деҳқон «ҳалол» мешуд. Кишоварзон муътақид буданд, ки бадбахтӣ бо садақа кардани кафсан баромада меравад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 80 - 81