Кафтор
| Кафтор | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
|
Олам: Зерсилсила: Бе ранг: Бе ранг: Тип: Зертип: Инфратип: Забарсинф: Синф: Зерсинф: Инфрасинф: Қатор: Зерқатор: Оила: Авлод: Намуд: Кафтор |
|||
| Номи илмӣ | |||
|
Hyaena hyaena L., 1758 |
|||
| Вазъияти ҳифз | |||
| |||
Дар ин мақола гурӯҳҳои мавзуотӣ илова нашудааст. Шумо метавонед ба лоиҳа кӯмак расонед, ба воситаи иловаи гурӯҳҳои буда ва ё эҷоди гурӯҳҳои нав. |
Кафтор (лот. Hyaena hyaena), парвона, сиёҳгуш, мурдахӯр, гуршикоф, гургмонаед, дулта, забуъ, ҳайвонест даранда. Тана ва думи кӯтоҳ, гардани ғафс, сари калон, гӯши дароз (то 13 см), пойҳои нисбатан борику заиф (пойҳои пеш назар ба пойҳои қафо дарозтар), пашми дурушти хокистарранг ё сиёҳтоби рах - рах ё хол – хол дорад. Ҳайвони шабгард аст. Асосан лошаҳои калон, баъзан сангпуштҳои даштӣ, малах, меваи санҷид, кавар ва баргу пояи хушаихоро мехурад. Кафтор дар 3-4 солаги болиғ мешавад. Даври ҳамлаш беш аз 3 моҳ. Кафтори модина 2-5 бачаи нобино мезояд. Кафтор дар Тоҷикистон камшумор аст ва дар қисми ҷануби шарқи он сукунат дорад. Дар шимоли Тоҷикистон аҳён-аҳён (дар кӯҳҳое, ки дар шимоли Баҳри тоҷик воқеанд) вомехӯрад. Ҷои сукунаташ биёбонҳои хоки ва доманакӯҳҳои санглох, баъзан туқайзорҳо мебошад.
