Кашфии Тирмизӣ
Навъи фаъолият: | хушнавис |
---|
Мирмуҳаммадсолеҳ Кашфии Тирмизӣ (форсӣ: میرمحمدصالح کشفی ترمذی; ? — 1650) — муҳаддис, шоир ва хушнависи форсизабон, аз орифони силсилаи қодирияи Ҳинд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падари ӯ шоир ва хушнависи машҳури дарбори Акбар ва писараш Ҷаҳонгир аз машоихи маъруфи силсилаи неъматуллоҳия дар шаҳри Деҳлӣ будааст. Силсилаи насаби Кашфӣ ба чанд восита ба Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ мерасад. Кашфӣ ба забонҳои форсӣ ва урду шеър месуруд. Дар ашъори форсии худ Кашфӣ ва дар сурудаҳои урдуияш Субҳонӣ (ё Субҳон) тахаллус мекард. Хатти настаълиқро ба хубӣ менавишт ва дар мусиқии ҳиндӣ маҳорат дошт. Муддате дар китобхонаи Шоҳҷаҳон (ҳукмронӣ 1628‒1658) ба ҳайси нозир ва посбон хидмат карда, сипас волии яке аз вилоятҳо ва фармондеҳи сипоҳи 500-нафара гардид.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]«Маноқиби муртазавӣ» (дар бораи Алӣ ибни Абитолиб), «Эъҷози мустафавӣ» (дар сираи паёмбар (с) ва хулафои рошидин), «Девон» (шомили ғазалиёт, қасоид, рубоиёт ва маснавиҳо) ва «Маҷмӯаи роз» (тарҷеъбанди орифонаи иборат аз 270 байт).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кашфӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.