Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каҷол Аггарвал (ҳиндӣ: काजल अग्रवाल, англ. Kajal Aggarwal; тав. 19 июн 1985, Мумбай, Ҳиндустон) — ҳунарпеша, сароянда ва модели ҳинд. Ӯ дар филмҳои бо забонҳои телугу, ҳиндӣ ва томилӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Дебюти ӯ дар Болливуд соли 2004 дар филми «Хайр! Ошиқ шуди?» (Kyun! Ho Gaya Na…) дар нақши хурдакаке буд. Машҳуриятро баъди иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ҷанговари асил» (Magadheera) соли 2009 ба даст овард, ки бо Рам Чаран Теҷа иҷро намудаанд. Филм яке аз муваффақтарин филми сол гардид. Дорандаи якчанд ҷоиза дар номзадии "беҳтарин ҳунарпеша" буда, се маротиба дар маросими ҷоизасупории Filmfare Awards South номзад шудааст. Ва яке аз ҳунарпешаҳои серталаб дар синамо ба ҳисоб меравад.
Феҳристи ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон
| |
---|
Тасвир, видео ва садо | |
---|
Вебгоҳҳои мавзӯъӣ | |
---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ | |
---|