Jump to content

Келдиёрова Диёра Бахтиёровна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Келдиёрова Диёра Бахтиёровна
ӯзбекӣ: Diyora Baxtiyor qizi Keldiyorova
ӯзбекӣ: Диёра Бахтиёр қизи Келдиёрова
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс зан
Кишвар
Тахассус ҷуду[1]
Зодрӯз 13 июл 1998(1998-07-13) (26 сол)
Зодгоҳ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Диёра Бахтиёровна Келдиёрова ( ӯзбекӣ: Diyora Baxtiyor qizi Keldiyorova) — бонуи ҷудокори ўзбек дар вазни то 52 кг. Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар соли 2024, Қаҳрамони ҷудои Осиё, ду карат Ноиб-қаҳрамони мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон (2023, 2024), барандаи Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои ҷаҳонӣ миёни низомиён.

Маснади варзишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2013 дар Бозиҳои осиёии наврасон дар Нанҷинг (Чин ) дар вазни то 44 кг нишони биринҷӣ ба даст овард. Солҳои 2016 ва 2018 дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон нишонҳои биринҷӣ ба даст овардааст [2] .

Соли 2018 дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар Ҷакарта (Индонезия) дар вазни то 48 кг дар даври дувум аз нишондори олимпӣ Ами Кондои ҷопонӣ бо ҳисоби 10:0 шикаст хӯрд.

Моҳи майи соли 2023 дар пойтахти Қатар дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 52 кг дар финал аз варзишгари ҷопонӣ Ута Абэ мағлуб шуда, нишони нуқра ба даст овард. Моҳи апрели соли 2024 дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар зодаи Кореяи Ҷанубӣ Йерин Ҷунг пирӯз шуд[3] . 20 майи ҳамон сол дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон пеш аз Бозиҳои олимпӣ, ки дар Имороти муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, дар финал аз варзишгари итолиёвӣ Одетта Ҷуфрида мағлуб шуда, нишони нуқра гирифт [4] .

28 июли соли 2024 дар Бозиҳои олимпии Порис дар даври 1/16 бо ниппони холис 10:1 ба варзишгари ҷопонӣ Ута Абэ ғолиб шуд [5] . Дар финал вай варзишгари Косово Дистрия Красникиро мағлуб кард ва қаҳрамони олимпӣ шуд [6] . Диёра Келдиёрова дар таърихи Ўзбекистон аввалин варзишгарест, ки дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи ҷудо медали тило ба даст овардааст. Вай инчунин аввалин варзишгарест, ки барои занони Ўзбекистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ нишони тило ба даст овардааст [7] .

  1. https://www.judoinside.com/judoka/55574 (ингл.) — 2002.
  2. Diyora KELDIYOROVA / IJF.org. www.ijf.org(пайванди дастнорас — таърих). 15 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 августи 2021.
  3. 2024-04-20 17:45:00 Диёра Келдиёрова завоевала бронзовую медаль чемпионата Азии(ӯзб.). sports.uz (20 апрели 2024). 21 май 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  4. Диёра Келдиёрова стала двукратной серебряной медалисткой ЧМ(рус.). Газета.uz. 21 май 2024 санҷида шуд.
  5. kunu.uz Дзюдоистка Диёра Келдиёрова одолела действующую олимпийскую чемпионку(рус.). Kun.uz. 29 июли 2024 санҷида шуд.
  6. kunu.uz Дзюдоистка Диёра Келдиёрова завоевала первую медаль Узбекистана на ОИ-2024(рус.). Kun.uz. 29 июли 2024 санҷида шуд.
  7. Президент поздравил дзюдоистку Диёру Келдиёрову с победой на Олимпиаде (видео)(рус.). Газета.uz. 29 июли 2024 санҷида шуд.