Келинталбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Келинталбон - анъанаест, ки хешовандони наздики домод ба хотири эҳтиром, бо оростани зиѐфат ва даъвати махсус ва ѐ баъзан дар ягон маъракаи тӯю хурсандиҳояшон наварӯсро ба хонаҳои худ даъват менамоянд. Дар ин меҳмонӣ келинро домод ва наздикони ӯ, аслан занҳо ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳангоми вориди ҳавлӣ шудани наварӯс пояндозпартоӣ ва қанду ширинидиҳӣ барпо мешавад ва вақти бозгашт ба арӯс ҳамчун рамзи эҳтиром аз ҷониби соҳибхона сарупои махсус тақдим мешавад.[1][2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 55
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)