Кенҷаобод
Намуди зоҳирӣ
| Деҳаи Кенҷаобод | |
|---|---|
| Кишвар | Тоҷикистон |
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
| Ноҳия | Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
| Аҳолӣ | 431 нафар (2010), тоҷикон |
| Хоҷагӣ | 59 |
Кенҷаобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 431 нафар (2010), тоҷикон. Аз 59 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи чамъиятӣ, 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.