Килиан Мбаппе
![]() | ||
![]() | ||
Иттилооти умумӣ | ||
Номи пурра | Килиан Мбаппе Лоттен (фр. Kylian Mbappé Lottin) | |
Лақаб | Донателло | |
Таваллуд | 20 декабр 1998 (24 сол) Париж, Фаронса | |
Шаҳрвандӣ | ![]() | |
Қад | 178 см | |
Вазн | 73 кг | |
Мавқеъ | ҳамлагар | |
Иттилоот дар бораи даста | ||
Даста | ![]() | |
Маснад | ||
Килиан Мбаппе Лоттен (фар. Kylian Mbappé Lottin; талаффуз бо забони фаронсавӣ: kiljan (ɛ)mbape lɔtɛ̃; 20 декабри соли 1998, дар округи XIX-уми Париж) — футболбози фаронсавӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» тими Фаронса. Яке аз футболбози ҷавону беҳтарини дунё ба ҳисоб меравад. Чемпиони ҷаҳон ва беҳтарин бозингари ҷавони Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018. Дорандаи Ордени Легиони фахрӣ.
Зиндагинома [вироиш | вироиши манбаъ]
Падараш Вилфрид аз муҳоҷирони Камерун буда, дар мактаби футболбозони бошгоҳи «Бонди» мураббӣ (муаллими варзиш) шуда кор мекунанд. Модараш Файза (насаби пешинааш Ламари) — аз табори муҳоҷирони Алҷазоиранд, пештар ҳандболбози касбӣ буданд. Падараш Вилфрид писархоне бо номи Жирес Кембо-Экоко низ доранд, ки вай ҳам футболбози касбӣ ҳастанд.
Мбаппе бо шарофати дастгириҳои падараш, дар яке аз беҳтарин академияҳои футболи Фаронса — «Клерфонтен» афтид, ки онҷо дар замони худ Терри Анри ва Лилиан Тюрам ба воя расида буданд. Барои дар ин академия машқкардани Мбаппе, падараш хеле заҳмат кашидааст.
Дар 13 солагиаш бо ташаббуси Зайниддин Зидон, ки онҷо бо дастаи ҷавонон кор мекард, барои гузаштан ба «Реал Мадрид» имконият пайдо кард.
Аммо барои рафтан ба Испониё, пас аз сӯҳбат бо падараш даст кашид.
Баъд аз ду сол, Мбаппе дар синни 15 солагиаш аввалин шартномаи касбиро бо «Монако» имзо гузошт. Вай барои имзогузориаш, ҳамчун бонус 400 ҳазор евро ва маоши стандартии бозингари академия — 600—700 ҳазор евро дар як моҳро ба даст овард.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
![]() |
Килиан Мбаппе дар Викианбор |
---|
- Профиль игрока на официальном сайте «Пари Сен-Жермен»(англ.)