Зайниддин Зидон
Зайниддин Зидон
| ||
| Иттилооти умумӣ | ||
| Номи пурра | Зайниддин Язид Зидон | |
| Лақаб | Зизу | |
| Таваллуд | 23 июн 1972 (53 сол) Марсел, Фаронса | |
| Шаҳрвандӣ | ||
| Қад | 185 см | |
| Мавқеъ | миёнмайдони ҳуҷумкор | |
| Иттилоот дар бораи бошгоҳ | ||
| Бошгоҳ | сармураббии озод | |
| Маснад | ||
| Бошгоҳҳои ҷавонон | ||
| 1982—1983 | ||
| 1983—1987 | ||
| 1987—1988 | ||
| Маснади бошгоҳӣ* | ||
| 1988—1992 | 61 (6) | |
| 1992—1996 | 139 (28) | |
| 1996—2001 | 151 (24) | |
| 2001—2006 | 155 (37) | |
| Мунтахаби миллӣ** | ||
| 1988—1989 | 4 (1) | |
| 1989—1990 | 6 (0) | |
| 1990—1994 | 20 (3) | |
| 1994—2006 | 108 (31) | |
| 1995 | 1 (0) | |
| Маснади мураббигӣ | ||
| 2013—2014 | ||
| 2014—2016 | ||
| 2016—2018 | ||
| 2019—2021 | ||
| Медалҳои байналмилалӣ | ||
| Қаҳрамонии ҷаҳон | ||
| Тилло | Фаронса 1998 | |
| Нуқра | Олмон 2006 | |
| Қаҳрамонии Аврупо | ||
| Биринҷӣ | Инглистон 1996 | |
| Тилло | Белгия/Нидерланд 2000 | |
| Бозиҳои баҳримиёназаминӣ | ||
| Биринҷӣ | Лангедок — Руссилон 1993 | |
* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад. ** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ. | ||
Зайнидди́н Язи́д Зидон (фр. Zinédine Yazid Zidane; ар. زين الدين زيدان; 23 июни 1972, Марсел, Фаронса) — собиқ футболбоз, мураббии фаронсавӣ.
Коршиносон аксар бар ин боваранд, ки Зидон як нобиға ва яке аз беҳтарин бозикунони таърихи футбол аст. Ӯ дар бошгоҳҳои «Ювентус», «Реал Мадрид» ва тими миллии футболи Фаронса (1994–2006) 108 бор дар мусобиқаҳо ширкат намуда, 31 гол ва дар чемпионатҳои ҷаҳон дар 20 бозӣ ширкат карда, 10 гол задааст. Дар мақоми бозикуни хатти миёна (миёнмайдони ҳуҷумкор) ҳунарнамоӣ мекард.
Зидон дар тӯли умри ҳирфаии худ се бор ба унвони беҳтарин бозикуни ҷаҳон аз сӯи ФИФА дар солҳои 1998, 2000 ва 2003 интихоб шуд. Ӯ як бор ҷоизаи беҳтарин бозикуни соли Урупо, як бор ҷоизаи боарзиштарин бозигари Лигаи Қаҳрамонҳои Урупо ва боре ҳам ҷоизаи беҳтарини бозигари Ҷоми ҷаҳониро дарёфт кардааст ва ба қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонӣ, Ҷоми миллатҳои Урупо, Лигаи Қаҳрамонҳои Урупо, силсилаи Итолиё ва лигаи Испониё ноил шудааст. Аз ин рӯ метавон ӯро аз пурифтихортарин бозигари таърих донист.
Зидон ҳамчунин се бор дар дидорҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонию Лигаи Қаҳрамонҳои Урупо гол задааст. Ӯ дар Фаронса радаи аввали беҳтарини футболбози таърихи Фаронсаро ба худ ихтисос додааст. Зидон пас аз мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии 2006 аз футбол худоҳофизӣ кард. Бад-ин тартиб «Реал Мадрид» охирин тими бошгоҳӣ ва финали Ҷоми ҷаҳонии 2006 охирин бозии ҳирфаии ӯ буд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]
Зидон 23 июни соли 1972 дар Марсел ба дунё омадааст. Ӯ панҷумин фарзанди хонавода аст. Падару модараш, Исмоилу Малика алҷазоирӣ буданд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Zinedine Zidane the Manager: How Zizou positioned himself to lead Real Madrid(англ.). Проверено 22 июни 2017.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зидон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 23 июн
- Зодагони соли 1972
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Марсел
- Мураббиёни футбол ба тартиби алифбо
- Варзишгарон аз рӯи алифбо
- Футболбозон аз рӯи алифбо
- Футболбозони Фаронса
- Футболбозони тими миллии футболи Фаронса
- Бозигарони БФ «Канн»
- Бозигарони БФ «Бордо»
- Бозигарони БФ «Ювентус»
- Бозигарони БФ «Реал Мадрид»
- Қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба футбол
- Қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футбол
- Дорандагони «Тӯби тиллоӣ»