Кинои илмиву оммавӣ
Зоҳир
Кинои илмиву оммавӣ – яке аз навъҳои кинои илмӣ, ки дастраси ҳамагон буда, дар бораи рушди илму техника ва таъсири онҳо ба таҷриба нақл мекунад. Ба қатори кинои илмиву оммавӣ филмҳои фарогирандаи табиати зинда, сайру саёҳат, ҳаёти фарҳангӣ ва амсоли ин, ки аҳамияти маърифатӣ доранд, низ шомил мегарданд. Дар соли 1947 дар шаҳри Париж ассосиатсияи кинои илмӣ ташкил шуд, ки ба рушди кинои илмиву оммавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ мусоидат кард.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 130. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |