Кирми абрешим
Кирми абрешим | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Bombyx.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Bombyx mori Linnaeus, 1758 | ||||||||||
|
Кирми абрешим, кирмаки абрешим (лот. Bombyx mori) — кирмаки аз тухм баромадаи шапалаки абрешим.
Тавифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Шапалаки кирмаки абрешим миёнҷусса буда, дарозии болҳои кушодааш 40‒60 мм ва рангаш сафедтоб аст. Давраҳои инкишофи шапалак: тухм (грена), кирмина, зоча ва шапалак. Кирмак дар муддати 30‒35 шаборӯз 5 давраи инкишоф (сиёҳшавӣ, тулаккунӣ, мошубиринҷӣ, даҳаи хурд, даҳаи калон)-ро аз сар мегузаронад. Дарозияш аз 4 мм (дар аввали даври 1-ум) то 80‒85 мм (дар охири даври 5-ум), вазнаш аз 0,0004 то 3,5‒4 г. Давраи инкишофи кирмак вобаста ба ғизо, ҳарорат (25‒27 °С) ва намнокии ҳаво (60‒70 %) то 22 шаборӯз давом мекунад. Ғизои кирмак асосан барги тут аст. Барги тутро ба кирмак рӯзона 3‒4 соат ва шабона 2 бор медиҳанд. Як кирмак дар давоми ҳаёт 20‒25 г (75‒80 % он ба давраи панҷум рост меояд) барги тару тоза мехӯрад. Ба кирмакҳои давраи якум ва дуввум баргро майда карда медиҳанд, ба кирмакҳои давраи севвум навдаҳои (дарозияшон 25 см) тутро бо баргашон додан мумкин; навдаҳои тутро дар рӯи рафҳо чорчиллик мегузоранд. Рафҳои кирмакгузориро аз баргу шохаҳои куҳна ва наҷосат мунтазам тоза кардан лозим аст. Кирмак пас аз рушди ғадуди абрешим аз истеъмоли барг фориғ шуда, барои танидани пила ба даста мебарояд. Таниши пила 3 шаборӯз давом мекунад. Кирмаки нар назар ба кирмаки модина 20 % зиёдтар пила метанад. Баъди 1‒2 шаборӯз кирмак ба зоча табдил меёбад. Зоча дарозрӯя буда, ранги бӯри сиёҳтоб дорад; вазнаш 1,5‒2,5 г. Он 10‒15 шаборӯз инкишоф ёфта, сипас ба шапалак табдил меёбад. Шапалаки модина дар зарфи 3‒5 шаборӯз 500‒700 адад тухм мегузорад ва мемирад (вобаста ба ҳарорати ҳаво 5‒10 рӯз умр мебинад). Ҳоло зотҳои нави кирмак, ки аз рӯи давраи инкишоф, ҳаҷм, ранг ва шакли пила фарқ мекунанд, рӯёнда шудаанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кирмак // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- Михайлов Е. Н. Шелководство. М., 1950;
- Рекомендация по инкубации грены и агротехнике промышленных выкормок тутового шелкопряда в Таджикистане. Д., 1982;
- Биологический энциклопедический словарь. М., 1986.