Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Кобо Абэ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кобо Абэ
安部公房
Ном ҳангоми таваллуд Кимифуса Абэ
Таърихи таваллуд 7 марти 1924(1924-03-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 январи 1993(1993-01-22)[1][2][3][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият нависанда, румоннавис, намоишноманавис, аккос, филмноманавис, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, шоир, коргардони филм, насрнавис
Солҳои эҷод 1944 — 1993
Самт авангард
Жанр absurdist literature[d], наср ва диром
Забони осор жопунӣ[1][2][4]
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0008356
Осор дар сайти Lib.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ко́бо А́бэ (ҷопонӣ: 安部公房 Абэ Ко:бо:), номи аслиаш — А́бэ Кимифуса; 7 марти 1924, Кита, Токио, Империяи Ҷопон — 22 январи 1993, Токио, Ҷопон) — нависанда, драматург ва файласуфи ҷопонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатм­кардаи факултети тиббии Донишгоҳи Токио (1948), вале ба адабиёт машғул шуд. Пас аз нашри қиссаи «Девор. Ҷинояти Карума» (1951; Ҷоизаи Акутагава) шуҳратманд гардид.

Абэ Кобо мисли Акутагава кӯшидааст мавзӯъҳои миллии Япония (шарқӣ)-ро бо анъанаҳои адабии европагӣ тавъам намояд. Мавзӯи асосии эҷодиёташ – танҳоӣ ҳис кардани инсон дар ҷомеаи муосир. Афкору андешаҳояш дар ин бобат ба равияҳои экзистенсиализм қаробат доранд. Дар эҷодиёташ таъсири Ф. Кафка ба назар мерасад. Ба қалами Абэ Кобо қиссаҳои «Давраи чоруми яхбандӣ» (1958), «Ҳаммонанди инсон» (1960), романҳои «Зан дар регзор» (1962), «Чеҳраи ноошно» (1964), «Харитаи сӯзонидашуда» (1967), «Одам – қуттӣ» (1973), «Киштинишастагон» (1984); пйесаҳои «Шабаҳҳо дар миёни мо» (1958), «Марди ба адабчӯб табдилёфта» (1960) ва ғ. тааллуқ доранд. Асарҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд. Мувофиқи рейтинги байналмилалӣ ба қатори 100 нависандаи беҳтарини садаи XX дохил гардидааст.

Собрание сочинений, в 4-х тт., С.-Пб., 1998.