Колит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Колит
Cryptitis high mag.jpg
МКБ-10

K50 50. — K52

МКБ-9

558558

OMIM

191390

DiseasesDB

31340

MedlinePlus

001125

eMedicine

ped/435 

MeSH

D003092 ва D003092

Коли́т (лот. colitis; аз юн. kolonрӯдаи ғафс ва юн. itis — ҷараёни илтиҳоб) — газаки рӯдаи ғафс. Колит шадид ё музмин мегузарад. Колити шадид бинобар сироят ё заҳролудии рӯда ба вуҷуд меояд (ниг. Исҳоли хунин, Заҳролудӣ). Колити шадид аксар аломати бемории сироятӣ буда, дар натиҷаи заҳролудӣ аз ғизои бадсифат, ҳангоми мавҷуд будани киҷҷаи рӯда ва ғ. низ инкишоф меёбад. Иллати рӯда аз заҳрҳои саноатӣ (симоб, арсен, сулема, моддаҳои органикӣ), инчунин аз токсинҳое, ки дар аснои баъзе бемориҳо дар организм ҳосил мешаванд (колити заҳролудӣ), боиси колит мегарданд. Колит дар натиҷаи худсарона истеъмол кардани антибиотикҳо ва доруҳои исҳоловар низ ба амал меояд.

Колити музмин бинобар табобати нопурраи колити шадиди сироятӣ пайдо мешавад. Вале он бидуни сирояти пешина ҳам метавонад инкишоф ёбад. Риоя накардани тартиби истеъмоли ғизо, нағз нахоидани хӯрок, истеъмоли таомҳои якхела, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ғ. боиси газаки музмини рӯдаи ғафс мегарданд. Тарзи инкишфи колити музмин хеле мураккаб аст. Ҳангоми ин беморӣ ҳаракати рӯда ва ихроҷи луоб вайрон шуда, ҷаббиши моеъ дар рӯдаи ғафс халал меёбад. Дисбактериоз, яъне тағйири миқдорӣ ва сифатии микрофлораи рӯда дар инкишофи колит мавқеи муҳим дорад. Дисбактериоз баҳри аз худ кардани витаминҳо таъсири ногувор мерасонад; дар рӯда пӯсиш ва туршӣ ба вуҷуд оварда, ҷараёни колитро метезонад, муҷиби пайдоиши аллергия мегардад. Зуҳуроти колити музмин гуногун буда, ба дараҷаи вазнинӣ, паҳншавӣ ва ҷараёни он вобаста аст. Дар давраи хурӯҷи колит беиштиҳоӣ, дилбеҳузурӣ, беҳолӣ, исҳол мушоҳида мешавад. Дарди шикам хуруҷмонанд буда, ба миён ва атрофи қадкашак мегузарад. Сипас исҳол баста қабзият пайдо мешавад. Агар луоб хунолуд бошад, фавран муоина кардани он зарур аст. Барои колити музмин ҷараёни такрорёбӣ, яъне иваз шудани давраи хурӯҷ ба давраи офият (вақте ки аломатҳои касалӣ қариб пурра нест мешаванд) хос аст. Истеъмоли ғизое, ки ангезиш ва реаксияи аллергии рӯдаи ғафсро ба вуҷуд меоварад (очор, консерва, мурчу қаланфур, буттамева, меваҳои ситрусӣ, карам, бодиринг ва ғ.), хастагӣ, дар офтоб бисёр гаштан, аз ҳад зиёд гарм шудани бадан, истеъмоли доруҳои исҳоловар ва зиддибактериявӣ, хуруҷи бемориҳои диг. узвҳои ҳозима боиси инкишофи колит мегарданд. Колити музмин бо роҳҳои гуногун – дору, парҳез, воситаҳои физиотерапевтӣ, табобати курортию санаторӣ муолиҷа карда мешавад.

Дар давраи авҷи колит парҳез ва тартиби истеъмоли ғизоро, ки духтур таъин кардааст, бояд риоя намуд. Сипас бо духтур маслиҳат карда, вояи хӯрокро бештар намудан лозим аст, чунки парҳези дуру дароз организмро аз бисёр моддаҳои муфид маҳрум мегардонад. Дар давраи хурӯҷ ба кори вазнини ҷисмонӣ ва эҳсосот роҳ додан ҷоиз нест. Барои пешгирии колити музмин саривақт табобат кардани сирояти шадиди рӯда зарур аст. Бисёр одамон дар беморхона нахобида, худсарона доруҳои гуногунро истеъмол мекунанд. Чунин усули табобат нафақат зарар дорад, балки боиси ба колит и музмин гузаштани колити шадид мегардад. Риояи тартиби истеъмоли хӯрок барои пешгирии колити музмин аҳамияти калон дорад. Азбаски ғизои нағз нахоида узвҳои ҳозимаро ба ангезиш меорад, саривақт протез кардани дандонҳо муҳим аст. Ҳангоми сарукор гирифтан бо моддаҳои заҳрноке, ки газаки луобпардаи рӯдаро ба вуҷуд меоваранд (мас., сурб), қатъӣ риоя кардани техникаи бехатарӣ зарур мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб