Jump to content

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
 (КОВ)
Бинои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Бинои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Номҳои пештара Техникуми статистикии раёни Орҷоникидзеобод
Техникуми омори шаҳри Ваҳдат
Соли асосгузорӣ 1958
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2012
Навъ оморӣ
Ректор Ҳайдарзода Меҳроб Ислом
Донишҷӯён 1300
Омӯзгорон 45
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 735400, шаҳри Ваҳдат, кӯч. Сомониён, 17
Сайт kov.tj

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат (собиқ Техникуми омори шаҳри Ваҳдат) — муассисаи дав­латии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаҳри Ваҳдат.

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз 2 ноябри соли 2012 дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти № 630 дар заминаи Техникуми омори шаҳри Ваҳдат таъсис ёфта[1], ки он ҳамчун Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод соли 1958 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар заминаи Техникуми омор ва молия-кредитии шаҳри Сталинобод таъсис ёфта буд[2][3].

Таҳсил дар коллеҷ асосан дар заминаи таҳсилоти умумии асо­сӣ ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Коллеҷи омор донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ бо низоми кредитӣ таҳсил мекунанд.

Шумораи донишҷӯён 1300 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 400 нафарашон духтарон мебошанд. Ҳамчунин, дар муассиса шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсей) низ амал менамояд, ки дар он зиёда аз 150 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Таҳсили донишҷӯён дар муассиса аз рӯи 11 ихтисос ба шакли буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда мешавад.

Коллеҷ дорои хобгоҳ буда, ба донишҷӯёне, ки аз дигар ноҳияҳо таҳсил мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар коллеҷ донишҷӯён зиёда аз 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Коллеҷ дорои 34 синфхонаи таълимӣ, 2 лабораторияи компютерӣ, як китобхонаи электронӣ пайваст ба интернет мебошад. Инчунин, дар коллеҷ майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои ба талаботи муосири таҳсилот ҷавобгӯ мавҷуд аст.

Коллеҷи омор ду факултет дорад[4]:

  • Факултети омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ
  • Факултети молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт
  • Омор ва ҳисобдорӣ
  • Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт
  • Иқтисод ва идора дар корхонаҳо ва КАС
  • Молия, андоз ва кори бонкӣ
  • Фанҳои гуманитарӣ
  • Фанҳои табиӣ-риёзӣ
  1. Таърихи коллеҷ. www.kov.tj. Коллечи омори шаҳри Ваҳдат. 3 марти 2021 санҷида шуд.
  2. Коллеҷи омор-пойгоҳи мутахассисони номвар(тоҷ.). «Фараж». МТЖТ (5 Январ 2019). 3 марти 2021 санҷида шуд.
  3. Б. каримзода. Ҷавонон соҳибкасб мегарданд(тоҷ.). sadoimardum.tj. Рӯзномаи «Садои мардум» (28 Январ 2016). 3 марти 2021 санҷида шуд.
  4. Факултетҳо. www.kov.tj. Коллечи омори шаҳри Ваҳдат. 3 марти 2021 санҷида шуд.


  • kov.tj — вебгоҳи расмии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат