Коллеҷи технологии Исфара
КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ИСФАРА - муассисаи таълимиву таҳсилоти соҳаи саноати хӯрокворӣ дар сохтори ДТТ, ки бакалавр тайёр мекунад ва с. 1997 дар заминаи ТСХИ (1943-1953, 1973-1993) ва МОТТИ (1993-1997) таъсис ёфтааст.
Бо фармони Шӯрои комиссарони халқи Иттиҳоди Шӯравӣ №5994 аз 19.03.1943 техникуми саноати консервабарории шаҳри Одесса бо ҳайати пурраи донишҷӯён ва омӯзгоронаш барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи агротехникӣ, консервабарорӣ ва коркарди маҳсулоти тамоку ба Исфара кӯчонида шуд. Соли аввал 32 наф. таҳсил менамуданд.
Фаъолияти техникум аз с. 1953 муваққатан боздошта, аз с. 1973 аз нав ба фаъолият идома кард. 120 нафар шогирдон дар бахшҳои технологияи маҳсулоти шир, мошин ва таҷҳизоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, мошин ва дастгоҳҳои яхдону компрессорӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аълочии маорифи СССР Т. Назаров сарварии техникумро ба уҳда дошт.
С-ҳои 1976-1999 ба ТСХИ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зулфиқор Абдусатторов сарварӣ кард. Дар тӯли 23 соли фаъолияти кории ӯ ду бинои таълимии чорошёна, ду бинои хобгоҳ барои 400 нафар донишҷӯй, китобхона, ошхона барои 180 ҷой, толори варзиш, маҷлисгоҳ, фурӯшгоҳ ва дигар иншоотҳо бунёд гардиданд. С.1980 шумораи донишҷӯён ба 800 нафар расид.
Бо ташкилёбии МОТТИ сафи олимонро доктори илмҳои иктисод профессор Тешаев А.Т., доктори илмҳои техникӣ, профессор Саидаминов И.А., номзадҳои илм, дотсентон Муҳиддинов Қ, Мадиброҳимов М, Бобоев F., Яҳёев М., Бобоев С., Убайдуллоев М., Маҳмудов Н., Бобоев А. пурқувват гардониданд.
С. 1997 К. таъсис ёфта, ба ҳайати ДТТ ба номи М. Осимӣ шомил гардид. Аз соли 1999 сарварии К.-ро профессор А. Тешаев ба уҳда дорад. 11.07.2001 бо қарори ҶТ КТИ ба сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил гардид.
Дар шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона 400 наф. донишҷӯён таҳсил доранд. Ба онҳо 52 наф. устодон, аз ҷумла 2 доктори илм, 12 номзади илм сабақ меомӯзанд. 13 нафар устодон Аълочии маорифи ҶТ мебошанд. 5 кафедра, 14 лаборатория, 22 ҳуҷраи фаннӣ, маркази компутерии ҳозирзамон ва китобхона бо 41 ҳазор номгӯйи адабиёт дар хидмати устодону донишҷӯён аст.
Донишҷӯён ихтисосҳои технологияи хӯрок, технологияи нон, гӯшт, шир, қаннодӣ, консерв, мошинҳо ва таҷҳизотҳои технологӣ, информатика ва техникаи ҳисоббарор, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро бо роҳи шартномавӣ ва буҷавӣ меомӯзанд. Дар назди К. аз соли 1993 литсейи техникӣ ва аз соли 2002 гимназия амал мекунанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исфаранома Нашриёти «Шарқи озод», соли 2004.