Соли 1997
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 1997)
1997.
| Солҳо |
|---|
| 1993 · 1994 · 1995 · 1996 — 1997 — 1998 · 1999 · 2000 · 2001 |
| Даҳаҳо |
| 1970-ум · 1980-ум — 1990-ум — 2000-ум · 2010-ум |
| Садаҳо |
| садаи XIX — садаи XX — садаи XXI |
Соли 1997 (ҳазору нуҳсаду наваду ҳафтум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи чоршанбе оғоз мешавад. Ин соли 1997-и мелодӣ, соли 7-уми даҳаи нуҳуми асри 20.96-и ҳазораи 2.996, соли ҳафтуми солҳои 1997-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 5 январ - 19 январ – – Дар шаҳри Теҳрон даври шашуми музокироти байни тоҷикон бо иштироки ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик баргузор гардид. Дар ҷараёни ин давр масъалаҳои бозгашти ихтиёрӣ ва бехатари гурезаҳо, таъмини ҳуқуқу амнияти онҳо ва идомаи раванди оштии миллӣ баррасӣ шуданд. 13 январ ҷонибҳо Протокол оид ба масъалаи гурезаҳо-ро ба имзо расониданд ва натиҷаҳои музокирот дар изҳороти муштараки ҳайатҳо ҷамъбаст гардиданд.[1][2][3][4]
феврал ва март 1997
[вироиш | вироиши манбаъ]- 21 феврал - 22 феврал – Дар шаҳри Машҳад мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи неруҳои оппозитсиони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Дар натиҷаи мулоқот Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ ва Протоколи иловагӣ ба Протокол оид ба вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ ба мувофиқа расиданд. Ин санадҳо сохтор, ҳайат ва тартиби фаъолияти мақоми асосии татбиқкунандаи созишҳои сулҳро муайян карданд.[5][6][7][8]
- 26 феврал - 8 март – Дар шаҳри Москва даври ҳафтуми музокироти байни тоҷикон баргузор гардид. Мавзӯи асосии он масъалаҳои низомӣ, аз ҷумла халъи силоҳ, парокандасозӣ ва ҳамгиро намудани воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳодияи неруҳои оппозитсиони тоҷик ба сохторҳои қудратии давлатӣ буд. 8 март Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ ба имзо расид, ки яке аз санадҳои калидии татбиқи сулҳ гардид.[9][10][11][12]
- 9 апрел - 16 апрел – Дар шаҳри Москва марҳилаи якуми даври ҳаштуми музокироти байни тоҷикон баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, ислоҳоти сохтори давлатӣ, иштироки намояндагони мухолифин дар мақомоти ҳокимият ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро муҳокима намуданд. Ин марҳила барои таҳияи Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ замина гузошт.[13][14][15][16]
- 16 май - 18 май – Дар шаҳри Бишкек мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. 18 май ҷонибҳо Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ-ро ба имзо расониданд. Санад масъалаҳои ислоҳоти сиёсӣ, иштироки мухолифин дар мақомоти иҷроия, қонунигардонии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва омодагӣ ба интихоботро танзим намуд.[17][18] [19][20]
- 22 май - 28 май – Баргузории марҳилаи 2. Дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми даври ҳаштуми музокироти байни тоҷикон баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои кафолати татбиқи маҷмӯи созишҳои бадастомада ва механизми назорати байналмилалии раванди сулҳро баррасӣ намуданд. 28 май Протокол дар бораи кафолатҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид; тибқи он СММ ва Гурӯҳи тамоси давлатҳо ва созмонҳои кафил дар назорати иҷрои созишҳо иштирок мекарданд.[21][22][23][24]
- 23 июн - 27 июн – Дар шаҳри Москва мулоқоти хотимавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Дар ин марҳила санадҳои қаблан баимзорасида ҷамъбаст шуда, матни ниҳоии Созишномаи умумӣ барои имзо омода гардид.[25][26][27]
- 27 июн Пас аз чанд соли музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи неруҳои оппозитсиони тоҷик дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон-ро ба имзо расониданд. Созишнома маҷмӯи санадҳои қаблан қабулшуда оид ба масъалаҳои сиёсӣ, низомӣ, гурезаҳо, Комиссияи оштии миллӣ ва кафолатҳои татбиқи сулҳро муттаҳид намуда, марҳилаи асосии муқовимати мусаллаҳонаро хотима бахшид.[28][29][30][31][32]
27 июн — Санаи имзои Созишномаи умумӣ баъдан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ муқаррар гардид. Ин рӯз ҳамасола ҳамчун рамзи хотимаи муқовимати дохилӣ, барқарор шудани сулҳ ва таҳкими ягонагии ҷомеа таҷлил карда мешавад.[33][34]27 июн — «Рӯзи ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.[35]
- 7 июл – Тибқи Созишномаи умумӣ, то 7 июл бояд дар шаҳри Москва нахустин ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ даъват ва лоиҳаи санади афви умумӣ баррасӣ мегардид. Комиссия мақоми асосии татбиқи созишҳои сулҳ дар давраи гузариш ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти мунтазами Комиссияи оштии миллӣ дар шаҳри Душанбе баъдтар, моҳи сентябри соли 1997, оғоз ёфт.[36][37][38][39][40]
- 18 июл – Дар шаҳри Душанбе Конференсияи таъсисии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳаракат интихоб шуд. Ҳадафи он таҳкими сулҳу субот, муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва мусоидат ба татбиқи сиёсати ваҳдати миллӣ буд.[41][42][43]
- 8 сентябр – Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ин иқдом ҳамчун эътирофи саҳми бузурги онҳо дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди адабиёту фарҳанг ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик арзёбӣ гардид.[44][45][46]
Солномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солномаи 1997.
[вироиш | вироиши манбаъ]Солнома 1997. Соли бозгашти сулҳ[47]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Protocol on refugees, signed in Tehran on 13 January 1997(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (13 January 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Joint Statement by the Delegations of the Republic of Tajikistan and the United Tajik Opposition(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (20 January 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 65.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе:РТСУ,2020. С. 97.
- ↑ Protocol on the Main Functions and Powers of the Commission on National Reconciliation and Additional Protocol adopted following the Mashhad meeting(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (21 February 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (15 июли 2015). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 67-69.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 98.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (15 июли 2015). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 70-72.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 97.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Сулҳи тоҷикон нишонаи хиради азалии миллати тоҷик аст(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (26 июни 2019). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 74.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 97.
- ↑ Protocol on Political Questions, signed in Bishkek on 18 May 1997(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (18 May 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 77-79.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе:РТСУ,2020. С. 98.
- ↑ Protocol on the Guarantees of Implementation of the General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (28 May 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Security Council extends mandate of United Nations Mission of Observers in Tajikistan(англ.). press.un.org. United Nations (12 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 75-77.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе:РТСУ,2020. С. 97.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Сулҳи тоҷикон нишонаи хиради азалии миллати тоҷик аст(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (26 июни 2019). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 80-81.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 июни 2022). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ United Nations Mission of Observers in Tajikistan: Background(англ.). peacekeeping.un.org. United Nations. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 472
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 24,87,101.
- ↑ Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 июни 2023). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Суханронӣ ба муносибати солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ(тоҷ.). president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021 сол.
- ↑ General Agreement on the Establishment of Peace and National Accord in Tajikistan(англ.). peacemaker.un.org. United Nations Peacemaker (27 June 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Security Council expands size and mandate of United Nations Mission of Observers in Tajikistan(англ.). press.un.org. United Nations (14 November 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ First meeting on constitutional amendments in Tajikistan(англ.). osce.org. Organization for Security and Co-operation in Europe (8 October 1997). 2 августи 2026 санҷида шуд..
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 472-473
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 88-90.
- ↑ Эмомалӣ Раҳмон: «Кӯзаи ваҳдат аз хок не, аз зар аст!»(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (25 июни 2018). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ «Ховар» (27 июни 2025). 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 481.
- ↑ Суханронӣ ба ифтихори академик Бобоҷон Ғафуров(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Суханронӣ бахшида ба устод Садриддин Айнӣ(тоҷ.). president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 555.
- ↑ Солнома 1997. Соли бозгашти сулҳ(тоҷ.). www.prezident.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1 августи 2026 санҷида шуд.
| Соли 1997 дар Викианбор |