Jump to content

Комии Сабзаворӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комии Сабзаворӣ

Мулло Комии Сабзворӣ (форсӣ: مولانا کامی سبزواری‎; ? — 1605) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш — Хоҷа Яҳё табъи шоирӣ дошт ва ба баққолӣ машғул буд. Ҳангоми истилои Шайбониён аз Ҳирот ба Ҳиндустон фирор кард. Комии Сабзаворӣ дар назди яке аз наздиконаш дар Сабзвор монд. Аз 12-солагӣ бо аҳли адаб ошно гардид. Ба Сиистон омада, дар дарбори ҳукмрони он ҷо хидмат кард. Соли 1548 ба Ҳиндустон рафт ва ба хидмати Абдурраҳими Хони Хонон (Раҳимӣ) дохил шуд. Дар дарбори Акбар ва ҷонишини ӯ Ҷаҳонгир низ хидмат кардааст. Дар васфи ин ҳукмронон ғазалу қасидаҳо сурудааст. Пас аз 20 соли хидмат ба Ҳирот омад. Шоири тозагӯй ва хуштабъ буд. Аҳли адаби Хуросон ба эҷоди ӯ таваҷҷуҳи хосса доштанд. Дар ҳаққи баъзе шоирони Хуросон ҳаҷвияву мутоибаҳо низ гуфтааст. Ҳангоми аз Ҳирот ба Сабзвор ҳаракат кардан ба дасти роҳзанон кушта шуд. Аз осори Комии Сабзаворӣ то замони мо якчанд қасидаи мадҳӣ ва ғазал, ҳамчунин абёти пароканда расидааст.

Ин шеър аз ӯст:

Аз лутфи даҳр балки латиф аст гулситон,
Бар шохи гул тасаввури шабнам бувад гарон.
Аз юмни ишқу лутфи ҳаво андалебро
Сад гуна гул шукуфт зи хошоки ошён.
Мушкаш зи шарм хун шаваду анбараш арақ,
Аттор з-ин ар бикушояд дари дукон.
Аз боғи худ мапурс чунин тоза фурсате,
К-аз номи доғ лола фурӯ борад аз забон...