Jump to content

Комии Қундузӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комии Қундузӣ

Имомалӣ Комии Қундузӣ (форсӣ: کامی قندزی‎; ? — 1856/57) — шоир ва таърихнигори форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Қундузи Афғонистон. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Ба шаҳрҳои гуногун — Кобул, Ёрканд, Оқсу, Кошғар, Бухоро, Фарғона, Хӯқанд, Намангон, Тошканд, Хуҷанд, Истаравшан (Ӯротеппа) ва ғ. сафар кардааст. Аз ӯ асари таърихиву адабии «Таворихи манзума» боқӣ мондааст (маҳфуз дар Маркази мероси хаттии АМИ Тоҷикистон). Аз рӯйи ҳамин асар дар бораи ҳунари шоирии Комии Қундузӣ дар офаридани моддаи таърих (697 адад, беш аз 5 ҳазор байт) метавон хулоса кард. Шеърҳо ба забони форсӣ (тоҷикӣ), воқеаҳои таърихӣ ба забони узбекӣ навишта шудаанд (Комии Қундузӣ шоири зуллисонайн будааст). Ҳамчунин, маълумоти мухтасари овардаи Комии Қундузӣ дар бораи чанде аз шоирони қарни XIX (Вазир, Дабир, Ҳозиқ, Махмур, Ҳотиф ва дигарон, зикри таърихи фавти онҳо) ҷолибаст ва асари ӯро чун маъхази муҳимми адабӣ ҷилвагар мекунанд.