Jump to content

Комили Ҷаҳрумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комили Ҷаҳрумӣ

Қивомуддин Абдуллоҳ Комили Ҷаҳрумӣ (форсӣ: قوام‌الدین عبدالله کامل جهرمی‎; ? — 1619) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Ҷаҳруми Эрон ба дунё омадааст. Дар синни камолот ба Шероз рафта, дар назди Малик Сайиди Халхолӣ, мутахаллис ба «Комил» улуми диниро омӯхтааст. Малик Сайид ба ӯ тахаллуси худро бахшидааст. Дар 25-солагӣ ба Ҳиндустон сафар ва муддате дар шаҳрҳои Гулканда ва Беҷопур зиндагӣ кардааст. Аз ҳисоби ҳадяву инъомҳои ҳукмронони ин мавзеъҳо рӯз мегузаронд. Баъд ба хидмати Мирзо Абдурраҳими Хони Хонон рафт, ӯро дар ғазалҳову қасоидаш мадҳ кардааст. Ба сабаби низоъҳо бо баъзе дарбориён аз хидмат дур карда шуд ва ба Агра ба хидмати шоҳзода Султон Хуррам (Шоҳиҷаҳон) даромад. Пас аз ду сол ба Кашмир кӯчид ва дар он ҷо то охири умр ба тиҷорат машғул шуд. Аз айёми дарс хондан дар назди Халхолӣ ба тасаввуф майл кардааст.

Асари тазкирамонанди «Муршиди комил» (маҷмуаи ашъори тасаввуфии шоирони гузашта), соқиномаи тарҷеъбанди «Маҳмуд ва Аёз» ва девони ашъори қасидаҳову ғазалиёт (5 ҳазор байт) аз навиштаҳои ӯ мебошанд. Дар тазкираҳо чун шоири тавоно ёд шудааст ва намунаҳои ашъораш сабт гардидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]