Jump to content

Комилҷон Холов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комилҷон Холов

Комилҷон Холов (Холов Комилҷон Маҳмадраҳимович; 6 июли 1983, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Комилҷон Холов 6 июли соли 1983 дар оилаи хидматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро то синфи 3 дар мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Файзобод хонда, сипас таҳсилро аз синфи 4 дар мактаби миёнаи № 59-и шаҳри Душанбе то синфи 9 идома додааст. Маълумоти миёнаи асосиро бо гирифтани шаҳодатномаи намунаи «аъло» соҳиб гардидааст. Маълумоти пурааи миёнаро низ, бо хатми мактаб- экстернати № 35-и шаҳри Душанбе бо гирифтани атестати намунаи «аъло» соҳиб шудааст.

Соли 2000-ум ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ дохил шуда, онро соли 2005 аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшинос» бо гирифтани дипломи аъло хатм намуд. Соли 2001 дар курсҳои кӯтоҳмуддати таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ (аз рӯйи барномаи «Save the children UK») дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон таҳсил намудааст. Соли 2007 аз курсҳои омӯзишии телевизион ва радио (аз рӯйи барномаи JICA) дар шаҳрҳои Осака ва Токиои Ҷопон гузаштааст.

Аз моҳи октябри соли 2007 то моҳи марти соли 2008 дар курсҳои шашмоҳаи омӯзиши забони англисӣ (дар донишгоҳи Теikyo Loretto Heights University) Ииёлоти Колорадои ИМА таҳсил намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 2000-ум аз Маркази кӯдакон ва наврасони Идораи маорифи шаҳри Душанбе, аз вазифаи ташкилотчии корҳои фарҳангӣ — оммавӣ шурӯъ намудааст. Аз соли 2003 то 2005 дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ёрдамчии директор оид ба тартибот ва муовини директор оид ба тарбия кор кардааст. Аз 15 сентябри соли 2005 дар телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз 15.09.2005 то 4.04.2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораи барномаҳои фароғатӣ ва аз 04.04.2006 то 19.01.2007 дар вазифаи муовини директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то ҳол дар вазифаи сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии барномаҳои муаллифии «Симо»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

Соли 2007 бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.