Комрон Мирзо
Таърихи таваллуд: | 1512 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 октябр 1557 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Комрон-Мирзо (форсӣ: کامران میرزا), Комрони Гӯраконӣ (1512, Кобул — 5 октябр 1557, Макка, Ҳабаш[d], Ҳабаш[d] ё Имперотурии Усмонӣ) — шоҳзодаи хонадони Темуриёни Ҳинд, сиёсатмадор, шоир, писари Бобур ва шоира Гулрухбегим.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар наврасӣ оини ҳарб, улуми динию адабиро дар назди уламои дарбор ва падараш омӯхта, чанд муддат волии Кобулу Қандаҳор буд. Пас аз фавти Бобур, муборизаи Ҳумоюн бар зидди Шершоҳи Сурӣ дар Бангола тезутунд шуда, Комрон-Мирзо дар иттиҳод бо бародараш — Ҳиндол-мирзо дар ш. Агра ба мухолифат бархост (1538). Соли 1539 дар муқобили Ҳумоюн оҷиз омада, ба ҳукумати иёлати Лоҳур иктифо кард. Пас аз нокомии Ҳумоюн дар муқобили Шершоҳ (1540) ва паноҳ бурданаш ба дарбори Сафавиён Комрон-Мирзо дар Кобул соҳибихтиёр гардид. Ҳумоюн соли 1545 бо ёрии Сафавиён Кобулро фатҳ ва Комрон-Мирзо-ро ҳокими Кӯлоб таъйин кард. Ӯ баъди як сол дубора дар Балх бар зидди бародараш қиём намуд. Баъди ба асорат афтодани бародараш — Аскарӣ-мирзо ба Ҳиндустон паноҳ бурд. Оқибат, ӯ бо хиёнати сарвари қабоили афғон — Одам Каҳкар ба дасти Ҳумоюн гирифтор шуд. Соли 1553 бо фармони Ҳумоюн ба чашмони Комрон-Мирзо мил кашиданд ва ӯ баъди адои ҳаҷ дар Макка аз олам даргузашт. Дар вафоти Комрон-Мирзо шоирон Коҳӣ, Вайсӣ ва дигарон марсияҳо гуфтаанд.
Дар таърих чун шоҳи дӯстодори аҳли илму адаб шуҳрат ёфта, донишмандону шоирони бисёр, аз қабили Маҳмуд ибни Исҳоқи Шиҳобӣ, Баҳром Саққоии Бухороӣ ва дигарон дар рикоби ӯ қарор доштанд. Ба забони форсӣ (26 ғазал, 22 фард, 4 рубоӣ, 3 қитъа, 4 маснавӣ) ва туркӣ (40 ғазал, 21 фард, 26 рубоӣ, 3 қитъа, 9 маснавӣ ва таркиббанд) шеър мегуфт. Мавзӯи ашъораш: тасаввуф, ирфон, андарз, масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ. Нусхаҳои девонаш дар китобхонаҳои Худобахш (ш. Патна), Ризои Ромпур, Анҷумани осиёии Бангол, шаҳри Ҳамбурги Олмон маҳфузанд; соли 1929 дар Калкатта чоп шуд. Шеърҳои туркияш дар маҷ. «Мерос» (1986) ва дар шакли алоҳида соли 1994 нашр гардиданд. Давомаш ба англисӣ тарҷума ва чоп шудааст. Маснавии назму насрии ӯ дар мавзуи ахлоқ ва маниши нек бо номи «Мирзонома» машҳур аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комрон-Мирзо / С. Ҳусайнов // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.