Комрон Қуратов
Комрон Қудратов | |
|---|---|
| Комрон Адунабиевич Қудратов | |
| Таърихи таваллуд | 23 октябр 1987 (38 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | муносибатҳои байналмилалӣ, таърих, сиёсатшиносӣ |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Комрон Адунабиевич Қудратов (тав. 23.10.1987, д. Некнот, ноҳияи Панҷакент) — омӯзгори таърих, номзади илмҳои таърих (2015), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Комрон Қудратов хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010), шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Новосибирск (2014), солҳои 2015-2019 ассистент ва муаллими калони кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2019 то 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати котиби Шурои олимон, муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия ва баъдан ба сифати сардори Раёсати илм ва инноватсия ифои вазифа кардааст.
Ҳамзамон аз соли 2022 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввал ба ҳайси мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва баъдан аз 2024 ба ҳайси мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор ва фаъолият намудааст.[1]
Аз соли 2025 то ҳол Комрон Қудратов дар Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ вазифаи мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣро ба уҳда дорад.[2]
Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Таъсири буҳрони Афғонистон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст (2015). Номбурда муаллифи 3 монография, 40 мақолаи илмӣ ва 4 дастури таълимиву методӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Влияние афганского конфликта на национальную безопасность Республики Таджикистан (1991-2014 гг.). Д., 2017;
- Новая история стран Азии и Африки // Учебнометодический комплекс. - Д., 2018;
- Таърихи Афғонистон // Барномаи таълимӣ-методӣ. Д., 2019;
- Ҷорҷ Вашингтон (ҳаёт, фаъолияти низомӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ) // Очерки таърихӣ-биографӣ. - Д., 2020;
- Осиёи Ҷанубу Шарқӣ; шинохти вазъи динӣ ва мазҳабӣ. Д., 2021.
- Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҳавзаи Осиёии Уқёнуси Ором. - Д., 2025.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ИОМДОА(тоҷ.). www.osiyoavrupo.tj. 17 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ. www.iitss.tj. 17 сентябри 2025 санҷида шуд.