Конгресси Амрико

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ҷаласаи Конгресс дар Палатаи Намояндагон 28 январи соли 2003

Конгресси Амрико (англисӣ: the Congress of the United States) - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар назди Ҳукумати Федералии ИМА. Конгресс аз ду палата (маҷлис): Сенат ва Палатаи намояндагон иборат аст. Ҷойи кории Конгресси Амрико дар Капитолии (Capitol Hill) ш. Вашингтон аст. Ҷаласаи Конгресси Амрико мувофиқи Коститутсияи ИМА дар 1 сол як маротиба (баъд аз ворид намудани тағйироти соли 1933) ибтидои моҳи январ баргузор мегардад.

Сохтор[вироиш]

  • Палатаи намояндагон аз 435 вакил иборат аст. Вакилон намояндагони ҳавзаҳои интихобкунандагон мебошанд, ки дар 2 сол як маротиба интихоб мешаванд. Ҷойҳо дар Палатаи намояндагон аз рӯйи шумораи интихобкунандагони Иёлот (Штат) муайян шудаанд. Бо чунин тартибот ҳуқуқи интихобкунандагони ИМА ва иштироки шаҳрвандон дар ҳокимят муайян шудааст.
  • Сенат 100 вакилро дарбар мегирад, ки муҳлати шаш сол кор мекунанд. Новобаста аз шумораи аҳолӣ ҳар як Иёлот (Штат) 2 сенаторро ба Конгресс пешбарӣ мекунад. Як маротиба дар ду сол сеяки ҳайати Сенат дар тариқи ротатсия аз нав интихоб мешаванд. Намояндагии баробари иёлотҳо ҳамин тарз риоя карда мешавад.