Кони ангишти Равнов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кони ангишти Равнов дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи дарёи Оби-Равнов дар шароити баландқӯҳи душворгузар, ки баландиаш ба 2900-3500 м мерасад воқеъ буда, дар масофаи 30 км аз қисми ғарбии пос. Сағирдашт ҷойгир шудааст. Барои азхуднамоии кони ангишт лозим меояд, ки дар шароити душвори кӯҳӣ роҳи автомобилгард сохта шуда ҳар сол барқарор карда шавад. Кони ангишт аз ҷиҳати геологӣ номукаммал омӯхта шудааст. Дар солҳои 1991-92-ӯм корҳои ҷустуҷӯӣ-баҳодиҳи гузаронида шуд, ки дар натиҷа чорто қабати кории ангишт бо иқтидори аз 1,0 то 14,3 м бо дарозии 7 км муайян карда шуд. Кунҷи афтиши қабатҳо бисёр калон мебошад. Вобаста ба шароити номусоиди кӯҳию-геологӣ истихроҷи ангишт бо тарзи кушода маҳдуд мебошад. Захираҳои дурнамоӣ кони ангишт ба миқдори 179 млн. тонна баҳогузорӣ карда мешавад. Аз сабаби он, ки баҳисобгирӣ танҳо дар ду қабат гузаронида шудааст ин миқдор захираҳо мутлақо кам нишон дода шудаанд. Кони ангишт ба се минтақа ҷудо мешавад: худи Равнов, Равнови ҷанубу-ғарбӣ ва Равнови шарқӣ. Захираҳои баҳисобгирифта бо гурӯҳи С1 – 6,4 млн. тонна, Р - 12,8 млн. тонна ва Сз - 55,3 млн. тоннаро ташкил медиҳанд.

ТАВСИФИ СИФАТИИ

ангишти кони «Равнов»
Нишондодҳо Миқдор
Намнокӣ 0,3-9,6 %
Хокистарнокӣ 6,3-34,8 %
моддаҳои хориҷшаванда 29,3-38,3 %
Ҳарорати сӯзиш 31719 кҶ/кг
Гидроген 5,9 %

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]