Jump to content

Қонуни асосии давлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Конститутсия)

Қонуни асосии давлат - ин қонун бо номи Конститутсия, Сарқонун, Қонуни асосӣ ёд мешавад. Дар Конститутсия (Сарқонун, Қонуни асосӣ), ки аз санади алоҳидаи навишташуда ва ё аз маҷмӯи санадҳо ва одатҳои конститутсионӣ иборат мебошад, масъалаҳои бунёдии (асосии) ҷамъият ва давлат, аз ҷумла эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори марзию маъмурии давлат, асосҳои ташкилии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо, рамзҳои давлатӣ, забон ва пойтахти давлат ифода карда мешаванд.

Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.

Тартиби гуногуни қабул ва тағӣири Қонуни асосӣ вуҷуд дорад: аз тарафи парламент, мақоми махсус (маҷлиси муассисон ва ғайра), тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) ва дигарҳо. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон (соли 1994) ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тагӣирот ворид карда мешавад. Конститутсия сарчашмаи бевоситаи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи Конститутсия таҳия, қабул ва амал намоянд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 253