Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Конфронси Ялта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Конфронси Ялта дар 4-11 феврали соли 1945 мелодӣ, дар Кохи Тазорҳо дар шаҳри Ялта воқеъ дар шабеҳҷазираи Крим баргузор шуд. Чанд моҳ пеш аз поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Ялта, Рузвелт раиси ҷумҳури Амрико ва Черчилл нахуствазири Инглистон аз як сӯ ва Сталин аз сӯи дигар дар бораи тақсими ғанаими ҷанги қабл аз поёни он ба баҳс пардохтанд.

Конфронс дар Қасри Ливадиявӣ (Сафед) дар посёлкаи Ливадия, се километр дуртар аз Ялта (ҶШС Қрим, РСФСР, ИҶШС) баргузор гардид ва охирин конфронси роҳбарони эътилофи зиддигитлерии «сегонаи бузург» дар давраи то аслиҳаи ядорӣ буд.

Ширкаткунандагони конфронс дар се қасри даврони подшоҳӣ ҷойгир шуда буданд: ҳайати ИҶШС таҳти раҳбарии Иосиф Сталин дар Қасри Юсупов, ҳайати ИМА таҳти раҳбарии Франклин Рузвелт — дар Қасри Ливадия, ва ҳайати Британияи Кабир таҳти раҳбарии Уинстон Черчилл — дар Қасри Воронсов. Ҳузури намояндагони матбуот сахт маҳдуд шуда, рӯйхати рӯзноманигорон пешакӣ аз ҷониби иштирокчиёни конфронс мувофиқа шуда буд. Дар мукотибаи махфии роҳбарони кишварҳои иштирокчӣ, конфронс бо калимаи рамзии «Аргонавт» (Argonaut) номида мешуд.[1]

Черчилл, Рузвелт ва Сталин дар Конфронси Ялта

Ин конфронс бо ҳузури 50 кишвари мухолиф муттаҳидин баргузор шуд.

Соли 1943 дар Конфронси Теҳрон президенти ИМА Франклин Рузвелт, фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС Иосиф Сталин ва сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл асосан масъалаи ба даст овардани пирӯзӣ бар Рейхи сеюмро баррасӣ мекарданд, дар Конфронси Потсдам — дар охири июл ва аввали августи соли 1945 — масъалаҳои танзими сулҳ ва тақсими Олмон ҳал мешуд, дар Ялта бошад қарорҳои асосӣ дар бораи тақсими минбаъдаи ҷаҳон байни кишварҳои пирӯз қабул гардиданд.[2]

То он замон пирӯзӣ бар Олмон танҳо масъалаи вақт буд ва ҷанг ба марҳалаи ниҳоии худ ворид шуда буд. Иттифоқчиён душманро дар Лаҳистон ва Померания, Будапешт ва Дрезден шикаст медоданд. Сарнавишти Япония низ чандон шакке ба бор намеовард, зеро ИМА аллакай қариб тамоми Уқёнуси Оромро таҳти назорат дошт. Иттифоқчиён дарк мекарданд, ки фурсати нодир барои муайян кардани сарнавишти таърихии Аврупо ба нафъи худ ба даст омадааст, зеро бори аввал қариб тамоми Аврупо дар дасти ҳамагӣ се кишвар — аъзои Эътилофи зиддигитлерӣ қарор дошт.

Аз Википедиаи Форсӣ


  1. Иванян Э. А. Энциклопедия российско-американских отношений. XVIII-XX века.. — ISBN 5-7133-1045-0.
  2. Крымская конференция руководителей трех союзных держав – СССР, США и Великобритании. 4-11 февраля, 1945 г..