Корбар:Матлубахон/Сиёҳнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Олимхон Исматӣ — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимхон Исматӣ 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рўзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад. Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нўш» (1988), «Чил қадам» (1990), «Кокули бом» (1991) ва ғайра чоп шудаанд. Муаллифи маҷмуаҳои «Бўсаи нур» (1991), «Ҳаво, рўта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) мебошад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шаст соли Олимхон Исматӣ(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд.



Рафаэл Толмасов

Рафаэл Толмасов — сароянда, солисти яҳудитабори Театри опера ва балети Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рафаэл Михайлович Толмасов 24 феврали соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад. Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе таҳсил намуда, Техникуми театрии ба номи А. Лоҳутии ш. Тошканд (с.1939) ва Студияи опера ва сайқали ҳунари актёрии назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро (таҳти сарпарастӣ ва устодии Е. И. Прокофйев, с.1940) хатм кардааст. Ў аз хурдсолӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагӣ дошта, аввалҳо бештар дойра менавохт, баъдтар ба санъати сарояндагӣ рағбат пайдо кард ва дар 10-солагиаш бори нахуст дар спектакли мусиқӣ-драмавии «Наҷот» (оҳангсоз М. Толибов, либреттои М. Бегаев) баромад кардааст. Рафаэл Толмасов аз соли 1940 то кўчиданаш ба Исроил (солҳои 90-и асри XX) дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ ҳунарнамоӣ намуд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Оғози ҳунарнамоии расмӣ ва мустақилонааш арияи Нозим аз операи «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян (с.1940) мебошад. Вай дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро карда, санъати баланд ва ҳунари беназирашро ҷилва дод. Як қатор симоҳои офаридаи ў аз тарафи мутахассисони санъати мусиқии шўравӣ ва хориҷ баҳои сазовор гирифтаанд. Хусусан нақшҳои Силвио («Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло, с.1948), Шарплес («Чио-чио сан»-и Ҷ. Пуччини, с.1948), Елеский Онегин («Моткаи қарамашоқ» ва «Евгений Онегин»-и П. Чайковский, с.1949, с.1950), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно, с.1952), Жермон Амонасро («Травиата» ва «Аида»-и Ҷ. Верди, с.1952, с.1954), Сулаймон («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, с.1955), Скарпиа («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, с.1955), Яго, граф ди Лун, Ренато («Отелло», «Трубадур» ва «Бал-маскарад»-и Ҷ. Верди, с.1966, с.1972, с.1985) ва монанди инҳо аз беҳтарин офаридаҳои ин ҷанбаи Рафаэл Толмасов мебошанд. Ў махсусан дар ташаккул ва такмили операи миллии тоҷик хизмати босазо карда, беҳтарин анъанаҳои санъати операи рус ва ҷаҳониро барои офариниши арияҳои миллӣ ба кор бурдааст. Нозим, Шаҳрубон («Шўриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян, с.1945), Собир, Тоҳир («Арўс» ва «Тоҳир ва Зўҳро»-и А. Ленский, с.1947), Пўлод («Пўлод ва Гулрў»-и Ш. Сайфиддинов, с.1956), Салим («Домоди номдор»-и С. Урбах, с.1961), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, с.1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев, с.1970), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1973), Акбар («Рўдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1976), Раҳимбек, Наврўзбек («Сарбозони халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1984, с.1986) ва партияҳои амсолашон аз операҳои миллии тоҷикӣ намунаи такомули ин навъи санъати мардуми тоҷиканд.

Рафаэл Толмасов ҳамчунин сарояндаи хушовози суруду романсҳои оҳангсозони тоҷик буда, ба 16 забони халқҳои собиқ СССР ва шарқи хориҷӣ месароид. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик (с.1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (с.1957) буд. Вай дар саҳнаи театрҳои калонтарини Иттифоқи Шуравӣ – Москва, Ленинград, Рига, Минск, Киев, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Свердловск ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, ба Дания, Англия, Фаронса, Италия, Юнон, Туркия, Тунис (с.1961), Афғонистон (с.1962), Булғория, Чехословакия, Венгрия, Руминия (с.1980) сафарҳои эҷодӣ доштааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Шараф (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёде аз сарояндаи номдор Рафаэл Толмасов(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С. 213.


Юлиус Фучик


Юлиус Фучик — (Тав. 1903,Прага - 1943 Олмон қатл шудааст) адиби номдори чех. коммунист. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист. Қаҳрамони миллии РСЧС.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Юлиус Фучик 23 феврали соли 1903 дар шаҳри Прага ба дунё омадааст. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва маҷаллаи ПКЧ- «Руде право» ва «Творба» кор кардааст. Фучик ба СССР солҳои 1930, 1934-1936, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст. Дар нимаи дуюми солҳои 30 ва давраи Чехословакияро забт кардани фашистон Фучик яке аз муборизони фаъоли зидди фашизм буд. Моҳи апрели соли 1942 ба дасти гестапо афтод. Тирамоҳи соли 1943 дар Олмон ба қатл расид. Ҳангоми дар ҳабсхонаи Панкрапси Прага будан Фучик китоби «Гуфтор пеш аз қатл»-ро (нашраш 1945; тарҷ. тоҷикӣ 1951) навишт. Дар китоб фикру андешаҳои Фучик оид ба маънии зиндагӣ, маъсулияти ҳар як фард дар муҳофизати сулҳ ва ғайра фароҳам омадаанд.[1] Барандаи ҷоизаи байналхалқии Сулҳ (1950; баъди вафоташ) буд.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ёде аз Юлиус Фучик-адиби номдори чех, ки сафаре ба Тоҷикистон ҳам дошт(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд.
  2. Энсиклопедияи советии тоҷик”. – 1986. – Ҷ. 7. – С. 593.