Корбар:85.9.137.125

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маколаи зеринро Ташаккули воситаҳои замонавии алоқа ман ворид намудаам, вале номамро вуруд намудан фаромуш шудааст.

Ташаккули воситаҳои замонавии алоқа[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 90 асри XX истифодаи алоқаи телефонӣ барои аз 2 то 8% ба 100 нафар аҳоли дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввалин қадамҳо барои азнав кардани системаи алоқаи телефонӣ ва рақами (цифровая) намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки рақамӣ (цифровой комутатор) барои 2500 муштарӣ ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Қургонтеппа, соли 2004 Хӯҷанд ва соли 2005 Хоруғ, Кулоб, Турсунзода ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба системаи пайвасткунаки рақамӣ гузаштаанд. Системаи мобилии алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон дохил шуд ин СП "ТоҷикТел" буд. Соли 1998 дар Хӯҷанд СП "Сомонком" хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон бо стадарти GSM сар кард. Имрӯз, ширкатҳои гуногун хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон ба сомон расонида истодаанд. Шумораи муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон зиёда аз 5 млн. аст.

Соли 1998 хизматрасонии Интернет аз ҷониби ширкати "Телеком - Технолоджи" ташкил карда мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 12 интернет-сервис провайдерхо ба монанди "ТоҷNET","Beeline","Индиго" "Мегафон - Тоҷикистон" ва диг. хизматрасониро баҷо меоваранд.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ғафуров Ғ. Аз таърихи ба вуҷуд омадани сисстемаи замонавии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//Конфронси ипмӣ-назаривӣ, бахшида ба 20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе,2011, с.82-83.