Юнуси Имомназар
Номи пурра | Нурназаров Юнус Имомназарович |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1 декабр 1964 (59 сол) |
Зодгоҳ: | Эҷ, вилояти Самарқанд, Ӯзбекистон |
Шаҳрвандӣ: | Ӯзбекистон |
Навъи фаъолият: | |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ифтихории "Нишони сухан" |
Юнуси Имомназар (Нурназаров) یونس امامنظر — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон (2020) ва Тоҷикистон (2021). Дорандаи нишони ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Нишони сухан» (2021).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юнуси Имомназар (Нурназаров) 1-уми декабри соли 1964 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Навоӣ) чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст.
Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро аз соли 1972 то соли 1982 дар мактаби миёнаи рақами 43-и зодгоҳ фаро гирифта, пас аз хатми мактаб ба шуъбаи форсии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар соли дуюми донишҷӯйӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравии собиқ даъват ва хидмати сарбозиро то соли 1986 дар Олмони шарқӣ дар воҳиди низомии ҳавонавардӣ адо мекунад. Сипас таҳсили худро дар донишгоҳ идома дода, онро соли 1989 бо ихтисоси филолог – муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ ба поён мерасонад.
Фаъолияти кории Юнуси Имомназар аз соли 1989 оғоз меёбад. Як сол дар мактаби миёнаи деҳаи Қандак (марбут ба шуъбаи маорифи шаҳри Роғуни Тоҷикистон), сипас аз соли 1990 то соли 1996 дар мактаби миёнаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Аз моҳи апрели соли 1996 то соли 2000 дар шуъбаи тоҷикии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ӯзбекистон ҳамчун муҳаррири калон ва ҳамзамон дар бахши форсии барномаҳои берунмарзии ҳамин муассиса ба унвони мураттиби барномаҳои радио ва мутарҷим ифои вазифа менамояд. Аз соли 2000 то ба ҳол ба ҳайси мутарҷим ва коргузори идорӣ дар Намояндагии ширкати саҳҳомии «Шимбор»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд фаъолият дорад.
Аз моҳи феврали соли 2020 инҷониб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошад. Моҳи июни соли 2021 аз сӯйи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муфтахар ба ҷоизаи адабии ифтихории «Нишони сухан» мегардад. Муқаддаман аз моҳи декабри соли 2021 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи хос дорад ва ба гурӯҳи фарҳангию маърифатии «Кӯҳистони Нурато» мудирият мекунад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Юнуси Имомназар ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ба нивиштани шеър, мақола ва ҳикоя шавқу майл доштааст. Ин ангезаи фикрии ӯ дар солҳои омӯзгорӣ, ба вижа, ҳангоми фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тошканд ба авҷ мерасад. Қаламиҳои ӯ аксаран дар рӯзномаҳои ҷумҳурии «Овози тоҷик», «Фарҳанги Осиёи Марказӣ», рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ховар» ва маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Дурдонаи шарқ» ба дасти чоп расидаанд.
Китобҳои зерин фарогири осори адабӣ ва пажӯҳишии нависанда аст:
- «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон” (сафарнома // Т.: Ӯзбекистон, 2008)
- «Аз санг сахт, аз гул нозук» (маҷмӯи ҳикоя, қисса, мақола ва очеркҳо // Т.: Extremum press, 2010)
- «Ҷоми саргардон» (қисса ва ҳикояҳо // Т.: Tamaddun, 2014)
- «Деҳаи зархез» (рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ (дар бораи арзишҳои миллии деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ва намунаҳо аз осори эҷодкорони он) // Т.: Муҳаррир, 2016)
- «Сабзу сурх» (роман // Т.: Tamaddun, 2021)
Чанд намуна аз ҳикоя ва новеллаҳои Юнуси Имомназар дар китобҳои дастҷамъӣ ҷо гирифтаанд:
- «Се барги сабз» (Тошканд: «Noshirlik yog'dusi», 2019)
- «Суғдиёна» (Ҳӯланд: «Ақли Сурх», 2020)
- «Гули санг» (баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кӯҳистони Нурато (мураттиб ва муҳаррир Юнуси Имомназар) // Т.: Tamaddun, 2021) .
Юнуси Имомназар ба таври густурда ба тарҷумаи осори нависандагони маъруфи ӯзбек камари ҳиммат бастааст, ки феълан нахустин китоби тарҷумаҳояш бо номи «Хирмани сухан» (Тошканд: «Noshirlik yog'dusi», 2019) ба табъ расидааст.
Юнуси Имомназар дар адабиётшиносии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хусуси осори адиб аз тариқи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар» мақолаҳои таҳлилию интиқодӣ аз тарафи профессор Ҷумъа Ҳамроҳ («Тасвиргари боҳунари хушиву ранҷҳои зиндагӣ»), адабиётшинос Саиди Саъдӣ («Камолоти эҷодии нависанда», «Мусофири нишебу фарозҳои зиндагӣ», «Се барги сабзи умедбахш»), рӯзноманигор Мирасрор Аҳроров («Китоб армуғони беҳтарин аст! »), шоир Абдулло Субҳон («Нависандае жарфбин ва дардошно»), шоир Паймон («Давоми нек роҳатро»), нависанда ва шоир Муҳаммад Шодӣ («Армуғони Юнус»), устоди Донишгоҳи давлатии Қаршӣ Фарҳод Қиёмзода («Ҷилои «Сабзу сурх»), омӯзгор Асалбой Акабоев («Китобе, ки дар як шаб хонда шуд»), профессор Абдуҷамол Ҳасанзода («Достони таърихии як пораи хоки ватан”) ва ғайра ба таваҷҷуҳи хонандагон ироа шудаанд.
Намунаҳо аз эҷодиёти Юнуси Имомназар дар китобҳои дарсии адабиёти мактабҳои таҳсили ҳамагонии Ӯзбекистон ҷо гирифтаанд.