Jump to content

Корбар:VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Муҳаммад ибни Бобои Самарқандӣ (? — қарни XVI) — донишманд ва фақеҳи форс-тоҷик, муаллифи «ал-Фатвоу-с-Самарқанд», «Риёзу-л-музаккирин», ва «Рисолаи ҳисоб дар забти фароиз».

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Тақиюддини Форсӣ, Абулхайр Муҳаммад ибни Муҳаммад (? — қарни XVI) — риёзидони форс-тоҷик, шогирди Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ, муаллифи «Тақриру-т-таҳрир».

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Файзии Сарҳиндӣ, Аллаҳдод ибни Асадулуламо Алишер (? — қарни XVI) — Фарҳангнавис, забоншинос ва шоири форсизабони Ҳинд, муаллифи фарҳанги «Мадору-л-афозил».

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Маҷнуни Чапнавис (? — қарни XVI) — Хушнавис, шоир ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Одоби хат», «Саводу-л-хат», «Расму-л-хат» ва «Мураккабсозӣ».


VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Фироқӣ, Ҳофизи Чаргарӣ (? — қарни XVI) — навозанда, ҳофиз ва оҳангсози форс-тоҷик, муаллифи «Амали Фироқӣ», «Пешрави Чаргарӣ» ва «Савти Фироқӣ».

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Кашфии Самарқандӣ (? — қарни XVI) — донишманди фиқҳ ва шоири форс-тоҷик.

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Убайдуллоҳи Каҳҳол, Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад Юсуф (? — қарни XVI) — пизишк, донишманди тиб ва пизишки шахсии хони Тошканд, муаллифи «Шифоу-л-алил».

VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Қосими Қонунӣ (? — 1602, Машҳад) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз, хонанда ва шоири форс-тоҷик.



VASHGIRD/Сиёҳнавис2

Берудӣ, Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Берудӣ (? — 1162, Исфаҳон) — шоир, нависанда, луғатшиносва таърихнигори арабинависи эронитабор.