Jump to content

Корвон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Camel Train
Bilma-Salzkarawane1

Корвон (форсӣ: کاروان) қатори уштур ва чорпоёни боркаш, ки савдогарон ва мусофирон дар сафар молу чизи худро бор мекарданд; қофила.

« Лаби шаккарнисору зулфи мушкафшони ӯ бинад,
Наёрад корвон дигар шакар аз Мисру мушк аз Чин.
»

Одатан корвонро роҳбалад ва посбонони мусаллаҳ ҳамроҳӣ мекунанд. Роҳи машҳуртарини корвонгард дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна Роҳи бузурги абрешим маҳсуб меёфт, ки аз асри ‖ то милод маълум буда, Чинро бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ пайваст мекард. Корвон, ки нақлиёти давраи қадим ба шумор мерафт, дар солҳои 1980 ҳангоми ҷанги Афғонистон барои интиқоли аслиҳа аз ҷониби террористон зиёд истифода шуд. Ҳоло низ корвон аз ҳисоби ҳайвоноти боркаш пинҳонӣ барои интиқоли анвои нашъа (аз ҷумла, аз «Секунҷаи тилоӣ» дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ) истифода бурда мешавад.

Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 563