Коркарди дутарафа
Коркарди дтарафа (англ. straight-through processing, STP) — ҷараёни коркарди бетаваққуф, пурра автоматигардонидашудаи иттилоот. Маълумотҳои аввалия метавонанд ҳам аз ҷониби системаҳои автоматӣ, ҳам бо вуруди дастӣ ташаккул дода шуда метавонанд ва коркард пурра ба таври автоматӣ мегузарад.[1]
Дар мазмуни нисбатан маҳдуд технологияи STP дар назар дорад, ки ширкати брокерӣ дар нақши миёнрави худкор байни мизоҷон ва бозори беруна баромад мекунад. Ордерҳои мизоҷон ба таври худкор барои бастани созишномаҳо дар бозори беруна ё ки ба контрагенти калон аз нав фиристода мешаванд.
Амалиётҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]STP барои савдо бо саҳмияҳо дар оғози солҳои 1990 дар Лондон барои коркарди худкори маълумотҳо дар бозорҳои захиравӣ коркард карда шуда буд.[2]
Қаблан гузаронидани пардохт ҳамеша кори дастиро талаб мекард.[3] Ҷараён зуд-зуд якчанд соатро банд мекард. Боз, дахолати иловагии инсон ба хатари калони хатогиҳо меовард. Бо ёрии STP амалиётҳо бо пулҳо ё ки коғазҳои қиматно метавонанд дар худи ҳамон рӯз коркард ва баста шаванд.
Пардохтҳо то ҳол метавонанд бо сабабҳои гуногун на-STP буда метавонанд.[4]
Бартариятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми татбиқи пурра STP метавонад ба идоракунандагони активҳо чунин бартариятҳоро пешниҳод кунад, ба монанди давраҳои нисбатан кӯтоҳи коркард, камкунии хатари ҳисоббаробаркуниҳо ва хароҷотҳои нисбатан пасти амалиётӣ.[5]
Баъзе аз аналитикҳои соҳа меҳисобанд, ки 100% автоматизатсия мақсади норасиданист.[6] Ба ҷои ин онҳо ғояи баландкунии сатҳи STP дар ширкатро бо водоркунии гурӯҳи ширкатҳо барои коркунии ҳамҷоя аз болои беҳтаркунии сифати автоматизатсияи иттилоотии амалиётии байни худ, ё ки дар асоси дутараф, ё ин ки ҳамчун ҷамъияти истифодабарандагонро (STP-и беруна) пешниҳод мекунанд. Аналитикҳои дигар, вале, фикр мекунанд, ки ба STP бо пайдошавии мутобиқати функсионалии ҷараёнҳои тиҷоратӣ расида мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Straight-Through Processing (STP). investopedia.com. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Straight Through Processing (STP) Brokers Guide. comparebrokers.co. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Rising to the Challenge: Five Barriers to STP in the Treasury Department. theglobaltreasurer.com. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Challenges around STP in Payments. finextra.com. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Frequently Asked Questions On Straight Through Processing. sebi.gov.in. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ STP and Credit Derivatives. waterstechnology.com. 20 сентябри 2021 санҷида шуд.