Корхонаи заршӯии «Зарафшон»
Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон» — дар шаҳраки Суғдиёни Ноҳияи Панҷакент ҷойгир аст.
Маълумот
[вироиш | вироиши манбаъ]Корхонаи муштараки «Зарафшон» | |||||||||||
Номи корхона | ҶДММ КМ «Зарафшон» | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Маҳсулоти истеҳсолшаванда | Тилло, нуқра ва хокаи мис | ||||||||||
Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол | 5,5 млн.тн | ||||||||||
Манбаъи ашёи хом | Конҳои «Тарор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпи» | ||||||||||
Суроға | Вилояти Суғд, ш. Панҷакент, шаҳраки Суғдиён |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири соли 1992 дар навбати аввали фабрикаи Комбинати тило, оид ба истихроҷ ва коркарди маъдан бо иқтидори коркарди 250 ҳаз. тонна маъдан дар як сол ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи сохтмони навбати дуюми он иқтидори солона то 500 ҳаз. тонна зиёд карда шуд (ду хати технологӣ).
Ифтитоҳи корхона
[вироиш | вироиши манбаъ]27 августи соли 2008 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Хитоии «Корпоратсияи саҳомии саноатии кӯҳии Сызин Лимитед Со., LTD» ба имзо расонида шуд. Мақсад аз ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ин мусоидат намудан ба рушди "Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҷиҳати таҷдид ва азнавсозии он, афзун намудани истеҳсоли металлҳои қимматбаҳою ранга дар ҷумҳурӣ буд.[1].
Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон»-ро, ҶДММ КМ «Зарафшон» ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии комбинати заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1 миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ҶДММ КМ «Зарафшон». sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
- ↑ Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон». 21 ноябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.