Корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ “Файзи гач”
Корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ “Файзи гач” — дар Минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воқеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ҶДММ “Файзи гач” дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гачкартон ва ғуррагачҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст. Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гачкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Гачкартон бо ҳаҷму андозаҳои гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва хатҳои технологии замонавӣ истеҳсол карда мешавад. Хатҳои технологие, ки дар корхона насб шудаст, навтарин дониста мешавад ва дар онҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ таъйиноти асосии фаъолияти корхона арзёзбӣ карда шуд.
Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он мутахассисони касбӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
70% -и маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона 2 намуд гачкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ барои девор ва сақф истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулот барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи иншооти гуногун истифода мегардад. Дар марҳилаҳои баъдӣ тасмим аст, ки истеҳсоли гачкартонҳои ба намӣ ва гармӣ тобовар низ дар ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.
ҶДММ “Файзи гач” аз зумраи корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон буда, аз соли 2014 амал мекунад. Дар ин муддат корхона истеҳсоли 27 номгӯйи маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монда, дар бозор мақоми худро пайдо кардааст, ки аксарият таъиноти содиротӣ дорад. Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли густурдаи ғуррагачҳои берунаву даруна, ғуррагачҳо барои сақф ва ороишии берунаи бинову иншоот, барои корҳои гачкорӣ, ширешҳои тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовари дарун ва беруни бино, рангҳои эмулсионии шусташавандаву ба намӣ тобовар, профил ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Корхона дар масоҳати 2,7 гектар ҷойгир шудааст, ки бештар аз 1,5 гектари онро боғи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.president.tj. Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ “Файзи гач” дар ноҳияи Ёвон(тоҷ.) (10 апрели 2024). 8 ноябри 2024 санҷида шуд.