Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон"
Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъсис ёфтааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нафтрасон", ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт дар Тоҷикистон мебошад. Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо кордонии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад. Айни ҳол (с.2016) иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёристеҳсолхоҳад кард. Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нафтрасон" ба истеҳсоли сӯзишворӣ - бензин, маҳсулоти дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.[1][2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016. 24 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
- ↑ Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016(пайванди дастнорас)