Вилояти Суғд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Вилояти Суғд
Вилояти Суғд дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Номи расмӣ : Вилояти Суғд
Марказ: Хуҷанд
Замони таъсис : 23 декабри 1970
Раиси вилоят: Абдураҳмон Қодирӣ
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 25 200 км²
Шумораи шаҳрҳо : 8
Шумораи шаҳракҳо : 23
Шумораи ноҳияҳо : 14
Шумораи ҷамоатҳо : 93
Мардум
Аҳолӣ (2016) : 2 511 000 тан[1]:
Зичии аҳолӣ : 99,6 кас бар км²
Забони расмӣ : Тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : узбекӣ, русӣ, қирғизӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SU
Код ISO : TJ-SU
Пешшумора : +992 3422
Нишонии почта : 735700
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 02TJ


Вилояти Суғд - вилоятест дар шимоли Тоҷикистон. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ҷуғрофия[вироиш]

Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар шимол каторкуҳҳои Қурама (баландиаш 3769 м) ва Муғул (1624 м) ҷойгир шудааст, ки ба силсилаи кӯҳҳои Тиён-шон дохил мешавад. Самти ҷануби бо силсилакӯҳҳои Туркистон (5509 м), Зарафшон( 5489 м) ва Ҳисор банд мебошад, ки ба силсилаи куҳҳои Ҳисору Олой мансуб аст. Байни силсилакӯҳҳои Қурама ва Туркистон, ғарбии водии Фарғона мавқеъ дорад, ки аз он дарёи Сир мегузарад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро водии Фарғона аз ҳам ҷудо мекунад.

Дарёҳо - Сирдарё бо ҷорӣ шудани Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра. Ҳамчунин Зарафшон бо шохобҳояш Фондарё, Кштут, Мағиён, ки дорои пиряхҳои барфӣ буда захираи калони гидроэнергетикӣ дорад ва барои обёрии заминҳо истифода бурда мешавад.

Кӯлҳои калонтарин: Искандаркӯл ва Оқсуқон. Хокҳои қисми ҳамворигӣ-хокистарранги кушод, дар кӯҳҳо хокистарранги тира бартарӣ доранд, ки онҳо тадриҷан ба хокҳои ҷигартоб, хокҳои кӯҳӣ-бешагӣ ва хокҳои марғзории кӯҳӣ иваз мешаванд. Олами растаниҳои минтақаро растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ташкил медиҳанд; явшан(шибоғ), хори пои уштур, дар водиҳои дарёҳо ба миқдори кам тӯқайзорҳо боқӣ мондаанд.

Дар нишебии қатокӯҳҳо то баландии 1000 м растаниҳои шибоғу шӯрагиҳо ва дар баландии 1500-1700 м ва зиёдтар аз он растаниҳои гуногуни кӯҳи ҳастанд. Минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ дар баландии 2500-300м ҷойгиранд. Олами ҳайвонот; аз ширхӯрон, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, барсук, хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, барси барфӣ дида мешаванд. Дар дарёву кӯлҳои вилоят гуломоҳӣ, зағормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва бурутмоҳии туркӣ, ширмоҳӣ, зиндагӣ доранд.

Иқлим[вироиш]

Иқлимаш хушк. Зимистон на он қадар сард (ҳарорати миёна моҳи январ -1,1), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +28); боришоти солона -150 мм, дар чойҳо 300 мм дар як сол. Баъзан шамоли гарму хушк мевазад. Дар кӯҳҳо, баландии тахмин 1000 м сардтар (ҳарорати миёнаи моҳи январ -4 ва июл +26), боришот зиёда аз 400мм дар сол; дар баландии 2500 м ҳарорати миёнаи моҳи январ -9, июл +15, боришоти солона то 800 мм.

Таърих[вироиш]

Мардум[вироиш]

Аз рӯи маълумоти омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии вилояти Суғд 2 511 000 кас буда, ки 29,4 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 621,8 ҳазор нафар (24,8 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 1889,2 ҳазор нафар (75,2 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 99,6 кас бар км² аст.[2] Мардуми Суғд ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд 8 шаҳр, 23 шаҳрак, 14 ноҳия ва 93 ҷамоат дорад[3]

Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд[4]
Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ
(01.01.2016)
ҳазор кас
Паҳно
ҳазор км²
Зичии
аҳолӣ
кас/км²
шаҳри Хуҷанд 175,4 0,0 87,3
шаҳри Истаравшан 61,2
шаҳри Исфара 47,8
шаҳри Гулистон 47,5
шаҳри Конибодом 50,4
шаҳри Панҷакент 41,2
шаҳри Истиқлол 16,4
шаҳри Бӯстон 33,5
ноҳияи Айнӣ 78,3 5,2 15,1
ноҳияи Ашт 155,2 2,8 55,4
ноҳияи Ғафуров 355,0 2,7 131,5
ноҳияи Деваштич 158,3 1,6 98,9
ноҳияи Зафаробод 69,2 0,5 173,0
ноҳияи Истаравшан * 190,2 0,7 359,1
ноҳияи Исфара * 208,4 0,9 320,2
ноҳияи Конибодом * 149,1 0,8 249,4
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 23,1 3,7 6,2
ноҳияи Масчоҳ 117,0 1,0 117,0
ноҳияи Панҷиканд * 237,2 3,7 75,2
ноҳияи Расулов 127,8 0,3 426,0
ноҳияи Спитаман 131,7 0,4 329,2
ноҳияи Шаҳристон 39,5 1,2 35,9
Ҳамагӣ 2511,0 25,2 99,6
* ҳамроҳ бо шаҳрҳои тобеи вилоят

Иқтисодиёт[вироиш]

Дар вилоят минтақаи озоди истеҳсолӣ-инвеститсионии "Суғд" амал карда истодааст. Соли 2015 аз 613 корхонаҳои саноатӣ 340 корхона 73 корхона ё ки 11,9 фоиз фаъолият накарданд. Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурўши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда мебошанд. Соли 2015 ифтитоҳи корхонаву коргоҳҳои коркарди шири “Порсои Хуҷанд”, коргоҳҳои истеҳсоли “Металлоконструксияҳо”, “Сендвич-панел” ва “Комбикорм”-и ҶДММ “Фаровон-1”, фабрикаи мурғпарварии “Дўстон-1”, корхонаи “Рукнобод”, коргоҳи дуюми заршўйии КМ ”Зарафшон”, “Ресандаи Хуҷанд”ва ҶДММ “Арча” рӯй дод. Айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" дар ноҳияи Ғафуров барои 1500 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як сол, комбинати металлургӣ бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1500 ҷойи корӣ, ҶДММ "Нуқрафом" дар шаҳри Истиқлол, ҶСП «Норд Азия Металл», ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен ва “Нафтрасон” дар шаҳри Конибодом ба итмом расидааст. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳар сол, дар маҷмўъ зиёда аз 268,4 ҳазор гектар заминҳо кишт карда мешаванд, ки маҳсулоти пахтаву ғалладона, сабзавоту мева ва диг. истеҳсол мекунанд. Дар вилоят (с.2015) 604,3 ҳазор сар чорвои калони шохдор, зиёда аз 1,4 млн. сар гўсфанду буз ва 1,7 млн. сар парранда парвариш карда мешаванд.[5] 18 октябр соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ба истифода дода шуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. [6] Соли 2015 Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонида мешавад.[7] 24 марти соли 2016 Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дар ноҳияи Ғафуров ва Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар ш. Конибодоми вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[8] [9]

Омӯзишу парвариш[вироиш]

Вилояти Суғд кӯдакистон, мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, мактаби миёнаи касбӣ ва донишгоҳ дорад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров‎ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон‎ таълимгоҳҳои бонуфузи вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд.

Ниҳодҳои фарҳангӣ[вироиш]

Дар вилоят фарҳангсаройҳои бошукӯҳи Қасри Арбоб ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Ашт, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии вилоят иборат аз Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд, шаҳркадаи бостонии Саразм, Шаҳраки Панҷакенти қадим, Мамнунгоҳ-осорхонаи бостоншиносии Панҷакент, Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихӣ - меъмории Шайх Муслиҳиддин, Масҷиди мадрасаи Абдуллохон, Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳри Шаҳристони қадим – Қаҳқаҳа, Манораҳои саргаҳи Зарафшон ва диг. ниҳодҳои таърихиву фарҳангиро дар бар мегирад. Соли 2016 дар зодгоҳи Ниқибхон Туғрал, деҳаи Зосун маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Ниқибхон Туғрал адр шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сохта шуданд. [10]

Воситаҳои ахбори умум[вироиш]

Дар вилоят нашрияҳои даврӣ ба монандӣ:

Азбаски забони ӯзбекӣ дар шимол ва ғарби кишвар мавриди истифода қарор гирифтааст[11], рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» бо забони ӯзбекӣ чоп мешавад.

Беҳдошту беҳзистӣ[вироиш]

Дар Барномаи вилоятии “Соли 2016 - Соли фарди солим” пешбинӣ шудаанд, сохтмони 23 адад иншооти тандурустӣ ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ ва таъмиру тармими 57 адад муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 21,1 млн. сомонӣ дар ҳудуди вилоят дар назар аст.

Ҷойҳои саёҳат[вироиш]

Табиати вилояти Суғдро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои «беназир» ва «беҳамто» тавсиф кард. Мавзеи Искандаркӯл ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи кӯҳҳои Фон, маҳалли дилписанди сайёҳон аз саросари ҷаҳон аст. Кӯлҳои Марғзор низ беҳамтоанд ва ин мавзеъ дар зебоӣ ягонаву якто мебошад, зеро ҳар яке аз кӯлҳои номбурда мӯҳраи гаронбаҳоеро дар гарданбанди зебо мемонад. Ҳафт кӯли пайваста дорои рангҳои гуногун аст. Дигар ҷойҳои писандидаи мардум Баҳри тоҷик дар Гулистон, шаҳрҳои қадимаи Панҷакент, Исфара ва Конибодом ки дорои осорхона, масҷиду мадрасаҳои кӯҳан, зиёратгоҳҳои мӯътабар мебошанд.

Ҷойҳои тамошобоби вилоят:

Дар вилояти Суғд минтақаҳое ҳастанд, ки олами набототи он ҳанӯз омухтанашудаву дастнахӯрда аст. Обу ҳавои чунин минтақаҳо ба сабаби душворгузар ва дурдаст будан аз маҳалҳои маскунӣ ва набудани роҳҳои мошингард поку гуворост. Дар яке аз ин минтақаҳо мардуми яғноб зиндагонӣ мекунад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:


Ноҳияҳои вилояти Суғд
Ноҳияи АйнӣНоҳияи АштНоҳияи ҒафуровНоҳияи ҒончӣНоҳияи ЗафарободНоҳияи ИстаравшанНоҳияи ИсфараНоҳияи КонибодомНоҳияи Кӯҳистони МастчоҳНоҳияи МастчоҳНоҳияи ПанҷакентНоҳияи Ҷаббор РасуловНоҳияи СпитаманНоҳияи Шаҳристон
Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон