Косимуланвор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Сайид Али бинни Хорун Косимуланвор (ё Косими Анвор (озарбойҷонӣ: Qasım əl-Ənvər)), ки Косим ва Косими тахаллус дорад, соли 1355 (757 хичри) дар Сароб ном мавзеи Табрез ба дунё омада ва пас дар Хирот зиндаги ихтиер мекунад.

Хукмрони Хирот Шохрух (солҳои 1409-1447 мелоди) Косимро ба сабаби баъзе ихтилофҳои мазҳаби аз мамлакат берун мекунад. Шоир ба Самарканд омада, муддате дар ин шаҳр умр ба сар мебарад ва дар охир аз Самарканд ба Чом кучида, то охири умр дар он сарзамин зиндаги мекунад ва соли 1433 (837 хичри) дар мавзеи Харҷарди вилояти Чом аз дуне чашм мепушад.

Аз осори шоир як девони мураттаб, ки иборат аз газал, тарчеъбанд, мукаттаот, рубоиет ва маснавихост, то замони мо расидааст. Маснавии машхуртарини шоир, ки аз 507 байт иборат аст Анисулошикин ном дошта, арзиши баланди адаби дорад.

Аз ғазалиет[вироиш]

Гиребон медарам хар дам, ки домон, дармакаш аз мо,
Ки мо муштоки дидорему ринду ошику шайдо.
Ба чашми масти майгунат, бигу, эй турки ягмои,
Ки охир чист максудат зи чандин горати дилхо
Аз он хуршеди рухсорат саводи зулф як су кун,
Ки муштокон ба рӯз оянд аз торикии шабхо.
Чунон дар ишк якруем, ки гар тегам равад бар сар,
Ба рӯзи имтихон бошам чу шамъ истода побарчо.
Зи сар то по хама чонам, ки гарки ишки чононам,
Хама ишк аст арконам, зи сар то по, зи сар то по.
Зи зулфат дил парешон аст гуфтам, гуфт: «Ошикро
Шароби лаъл мебояд илочи иллати савдо».

Бар мо ба ноз менигари, ин чи одат аст?
Дар холи мо наменигари ин чи одат аст?
Дар оташи фироки ту бечора мондаем,
Бас фориги зи чорагари, ин чи одат аст?
Бар руи лустон дари давлат бубастаи,
Бо мо бубин, ки дар чӣ дари, ин чи одат аст?
Доим ба теғи ҳаҷр дилам хаста мекуни,
Айёми умр шуд сипари, ин чӣ одат аст?
Ди омадам ба куйи ту , аз бахри руйи ту,
Пинҳон шудӣ зи ман чу парӣ, ин чӣ одат аст?
Филчумла ақлу ҷону дилу дин бибурдаӣ,
Охир бубин, чӣ ҷумла барӣ? - Ин чӣ одат аст?
Бар Қосимӣ назар накунӣ аз камоли лутф,
Эй ҷон, ту соҳиби назарӣ, ин чӣ одат аст?

Чу руят тозагул дар бустон нест,
Чу муят сунбуле дар аргувон нест,
Бидор оина бар ру то бубини,
Ки чун руи ту руе дар ҷаҳон нест.
Ба зебои назар кун, то бубини,
Ки зебоии ту дар бахру кон нест.
Чу руят офтоби оламафрӯз,
Талаб кардем, дар кавну макон нест.
Машав хушдил ба озор дили ман,
Ки озор аз тарики дустон нест.
Ту шоҳи ҷони моӣ, дар ҳақиқат,
Чу ту шоҳе миёни инсу чон нест.
Миёни раҳравони рох Қосим,
Ба гайр аз ишк чизе дар миён нест.

Аз рубоиёт[вироиш]

Ман бандаи руйи туам, эй бодапарст,
В-аз наргиси махмури ту чонам шуда маст,
Чун партави дидори ту зохир гардад,
Моро ба сари куйи ту як ҳай-ҳай аст.

Дил ошики чашми турки мастонаи туст,
Ту шамъиву олам хама парвонаи туст,
Чону дил мо ошики девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.

Гар дилбари ман шеваи мастона гирад,
Бар ошики худ хазордастон гирад.
Навмед машав аз у, ки дар охири кор
Ҳам окибати кори ту осон гирад.