Jump to content

Котибии Туршезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Котибии Туршезӣ
Таърихи даргузашт: 1435
Навъи фаъолият: хушнавис, шоир

Шамсуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Котибии Туршези (форсӣ: شمس‌الدین محمد بن عبدالله کاتبی ترشیزی‎; дарг. 1435) — шоир ва хаттоти моҳири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи таваллуди шоир номалум аст. Дар Туршез, ки яке аз музофотҳои Нишопур аст, таваллуд шудааст. Котибии дар зодгоҳаш маълумоти ибтидоӣ гирифта, дар мадрасаи Нишопур таҳсили илм кардааст. Аз солҳои таҳсили мадраса ба шеъргӯӣ шурӯъ намуда, аз мавлоно Симӣ хаттотиро омухт ва ба сабаби хатти хуб доштанаш «Котибӣ» тахаллус кард.

Котиби солҳои 1410 аввал ба Ҳирот, баъд ба Самарқанд сафар карда, солҳои 1412 — 14 боз дар Ҳирот иқомат кардаст. Солҳои 1415 −22 дар Астаробод, Мозандарон, Гелон, Хичоз ва ғайра зиндагӣ карда, сипас боз ба Ҳирот баргашта, яке аз ходимони Кохи ҳунари Ҳирот мешавад. Баъди марги Бойсангур (1433) боз ба сафар баромада, Табрезу Исфаҳонро сайр кард ва ниҳоят дар Астаробод сукунат ихтиёр намуд. Шоир соли 1435 дар Астарабод даргузаштааст. Қабраш дар гуристони «Нуҳгурон» боқист.

  • ذبیح‌الله صفا (۱۳۴۲). تاریخ ادبیات در ایران. تهران: ابن‌سینا. ص. ۴۴۸.