Кристиан Мейер
англ. Christian Meier | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Christian Dietrich Meier Zender |
Таърихи таваллуд: | 23 июн 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ: | Лима, Перу |
Шаҳрвандӣ: | Перу |
Касб: |
ҳунарпеша сароянда |
Корнома: | 1994-то ҳол |
Ҷоизаҳо: | Luces Awards |
IMDb: | ID 0576662 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кристиан Мейер (исп. Christian Meier); номи пурра Кристиан Диетрич Мейер Сендер (исп. Christian Dietrich Meier Zender тав. 23 июн 1970 Лима, Перу) — ҳунарпеша ва сарояндаи перугӣ ва латиноамерикоӣ. Ӯ инчунин дар филмҳои истеҳсоли ИМА низ ҳунарнамоӣ менамояд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Майер дар Лима, Перу таваллуд шудааст, ки фарзанди хурдӣ миёни чаҳор хоҳару бародар аст. Вай писари Глэдис Сендер, "Бонуи ҷаҳон 1957" ва Антонио Мейер, сиёсатмадори перугӣ аст, ки соли 2006 мири ноҳияи Лимаи Сан Исидро интихоб шудааст. Вай ду хоҳари бузург ва як бародар дорад: Сибил Мейер Сендер, Карина Мейер Сендер ва Антонио Мейер Сендер.
Кристиан Мейер дар эътиқоди католикии румӣ ба воя расидааст, дар Мактаби Мирафлорес Маристас, як мактаби ҷамъомади бародарон Маристҳо таҳсил кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ аввали соли 1992 дар риштаи дизайни графикӣ таҳсил карддааст[1].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Актёрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ ҳамчун ҳунарпешаи операи собунӣ шӯҳрати байналмилалӣ бо нақши Ҷулиан Легаспӣ дар El ángel vengador: Calígula соли 1993 ба даст овардааст. Соли 1994 ӯ дар теленовеллаи "Gorrión", ки аз ҷониби Panamericana Televisión пахш шудааст, нақш бозидааст. Соли 1995 ӯ дар операи собунии Malicia нақш бозидааст, ки аз ҷониби Луис Лиоса таҳия шудааст ва аз ҷониби Frecuencia Latina пахш карда шуд. Ҷуфти ӯро дар ин лоиҳа Ҷанелла Нейра бозидааст.
Дар синамо, ӯ дар филми Magallanes-и коргардон Салвадор дел Солар соли 2014 нақш бозидааст.
Мейер дар вебновели Arranque de pasión ҳамроҳ бо Карлос Понсе ва Кейт дел Кастилио сабт кардаанд.
Мейер нақши Виллиро соли 2013 дар Cumbia ninja-и Fox Telecolombia бозӣ мекунад.
Соли 2014, ӯ дар нақши нави асосӣ ҳамчун Эстебан Домингес дар теленовеллаи мексикоии La malquerida дар баробари Виктория Руффо ва Ариадне Диаз нақш бозид.
Соли 2019, ӯ ҳамчун қаҳрамони силсилафилми колумбии Fox Premium, El general Naranjo, дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ ва аз ҳаёти генерали истеъфоёфтаи полиси миллии Колумбия Оскар Наранҷо илҳом гирифта, ҳамроҳ шуд.
Овозхонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1987, ӯ бо Педро Суарес Вертис, Патрисио Суарес Вертис ва Артуро Помар як гурӯҳи машҳури алтернативии перугӣ Arena Hash таъсис дод. Байни солҳои 1980-ум ва аввали солҳои 1990-ум ӯ клавиатристаи гурӯҳ буд ва инчунин ба овозхонӣ машғул буд. Пас аз чанд сол гурӯҳ пароканда шуд ва баъзе аз аъзои он ба касби солоӣ машғул шуданд.
Соли 1996, Мейер албоми No Me Acuerdo Quién Fui -ро баровард, ки синглҳои "tus huellas entre la mías" ва "Carreteras Mojadas" ("Шоҳроҳҳои тар") -ро таҳия кардааст, ки дар қариб ҳамаи диаграммаҳои радио дар Перу ҷойҳои аввалро ишғол карданд. Соли 1997 ба истеҳсоли албоми дуюми худ, Primero en Mojarme, бо Мануэл Гарридо-Лекка, продюсери маъруфи мусиқӣ, ки бо ӯ дар Arena Hash кор мекард, оғоз кард.
Соли 2002, ӯ як Once Noches-ро продюсерӣ кард, эҳтимол албомест, ки ба ӯ мукофотҳои бештар овард. Дар он синглҳои "Alguien" ва "Novia de nadie" дуэт бо овозхони испанӣ Микел Эрентхун мавҷуд буданд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Кристиан соли 1995 бо ҳунарпешаи перугӣ Марисол Агюир оила барпо намудааст. Онҳо ҳангоми банаворгирии силсилафилми Gorrión шиносоӣ пайдо намудаанд. Аммо пас аз 12 соли хонадоршавӣ соли 2007 онҳо аризаи ҷудошавиашонро пешниҳод намуда, соли 2008 расман аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Онҳо соҳиби се фарзанд мебошанд, Стефано (1996),Тайра (2001) ва Ҷиа (2003).
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Arena Hash (1987)
- Ah Ah Ah (1991)
- El Archivo De Arena Hash (1995)
- No Me Acuerdo Quien Fuí (1996)
- Primero En Mojarme (1999)
- Once Noches (2002)
- Nada Ha Cambiado (2016)
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номгӯйи филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номи филмҳо | Нақшҳо | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1994 | Watchers III | Роҳгузар | |
1998 | No se lo digas a nadie | Гонзало | |
2000 | Ciudad de M | Пачо | |
2005 | La mujer de mi hermano | Игносиё / Шавҳари Ишан | |
2008 | Valentino y el clan del can | Валентино | Филми тасвирӣ; овоздиҳанда |
2012 | Mar de Fondo | Луис | |
2015 | ¡Asu Mare! 2 | Рикӣ | |
2015 | Magallanes | Нақши ноаён | |
2016 | Todos los hombres son iguales | Хоакуин | |
2017 | Todas las mujeres son iguales | Хоакуин | |
2017 | Doble | Лорензо |
Нақшҳои телевизионӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақшҳо | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1994–1995 | Gorrión | Габриэл Мвйдана | Main role; 154 episodes |
1996 | Obsesión | Ҷиммӣ Мартел/ Ҷано | Нақши марказӣ; 160 қисм |
1997 | Escándalo | Алваро Дупонт | Нақши марказӣ; 120 қисм |
1998–1999 | Luz María | Густаво Гонзалвез | Нақши марказӣ; 175 қисм |
1999 | Me muero por ti | Алфонсо Ҳидалго | Нақши марказӣ; 91 қисм |
1999 | Isabella | Фернандо де Алвир | Нақши марказӣ; 138 қисм |
2001 | Amores, querer con alevosía | Пабло Ҳеррирос | Нақши марказӣ; 64 қисм |
2001–2002 | Lo que es el amor | Эфрен Виларил | Нақши марказӣ; 68 қисм |
2003 | Luciana y Nicolás | Николас Эчевария | Нақши марказӣ; 120 қисм |
2004–2005 | Luna, la heredera | Маурисио Гарсия | Нақши марказӣ; 120 қисм |
2005–2006 | La Tormenta | Сантос Торилба | Нақши марказӣ; 216 қисм |
2007 | Decisiones | Дар қисмати: "Amor de carretera" | |
2007 | El Zorro, la espada y la rosa | Диего де ла Вега/ Зорро | Нақши марказӣ; 90 қисм |
2008–2009 | Doña Bárbara | Сантос Лузардо | Нақши марказӣ; 190 қисм |
2010–2011 | Alguien te mira | Родриго | Нақши марказӣ; 116 қисм |
2011 | The First Lady | Леонардо Сантандер | Нақши марказӣ; 150 қисм |
2012–2013 | Lynch | Эмилио Триана | (мавсимҳои 1–2); 6 қисм |
2013 | Cumbia Ninja | Вилли | (мавсими 1); 13 қисм |
2013 | Arranque de pasión | Хорди Фернандес | 6 қисм |
2014 | Familia en venta | Сантияго | Нақши марказӣ; 13 қисм |
2014 | La malquerida | Эстебан Домингес | Нақши марказӣ; 117 қисм |
2014 | Cosita linda | Диего Лухан | Нақши марказӣ; 146 қисм |
2019–2020 | El General Naranjo | Оскар Наранхо | Нақши Марказӣ мавсимҳои 1–2); 37 қисм |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Biografía de Christian Meier. 22 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Январ 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 23 июн
- Зодагони соли 1970
- Зодагони Лима
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои Перу
- Ҳунарпешамардони телевизиони Перу
- Ҳунарпешамардони Испанӣ ва Амрикои Лотинӣ
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Сарояндаҳои Перу
- Сарояндаҳои асри XX
- Сарояндаҳои асри XXI