Jump to content

Кулӣ Абдинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кулӣ Абдинов
Абдинов Кулӣ Ҷаъфарович
1934 — 1936
Пешгузашта Саид Носиров
Ҷонишин Сироҷуддин Ҳасанов

Кулӣ Абдинов (Абдинов Кулӣ Ҷаъфарович; 1900, Ишқобод — 20 октябри 1938[1]) — сиёсатмадор ва рӯшанфикри тоҷик. Узви Ҳизби Комуунистӣ (аз 1919).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кулӣ Абдинов дар Ишқободи минтақаи Мовароуннаҳр, аз хонаводаи деҳқони форс ба дунё омадааст. Соли 1923 Донишгоҳи коммунистии заҳматкшони Шарқро хатм кардааст[2].

Кори худро соли 1914 дар чопхонаи Ишқобод ба унвони ҳуруфчин оғоз карда, соли 1919 котиби кумитаи уездӣ-шаҳрии Марв ҲКО (б), солҳои 1919—1921 инструктори бригадаи артиши якум, комиссари сиёсии низомии бригадаи аспдавонӣ дар зерзамини Форс кор мекард.

  1. Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
  2. АБДИНОВ Кули Джафарович. centrasia.org. ЦентрАзия. 21 июли 2022 санҷида шуд.