Jump to content

Сироҷуддин Ҳасанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сироҷуддин Ҳасанов
Ҳасанов Сироҷиддин Файзуллоевич
1936 — 1937
Пешгузашта Кулӣ Абдинов
Ҷонишин Муҳаммадамир Ниёзов

Сироҷуддин Ҳасанов (Ҳасанов Сироҷиддин Файзуллоевич; 1905, Бухоро — 21 октябри 1938, Сталинобод[1]) — рӯшанфикри тоҷик, собиқадори маориф ва фарҳанги Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1905 дар Бухоро дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст, падараш устои оҳангар буд. Хонаи маорифи Бухоро 1 сол таҳсил карда, шуъбаи умумии иктисодии факултети коргарии 3-солаи Донишгохи давлатии Ленинградро дар солҳои 1924—1927 хатм кардааст. Солҳои 1927—1928 дар факултаи ҳуқуқи советии Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил кардааст. Хатмкардаи шуъбаи омодагии 2-солаи Донишкадаи профессорони сурх (1931—1933). 1 сол дар шуъбаи таърих-ҳизбии Донишкадаи профессорони сурх (1933—1934) хондаву хатм накардааст.

Сироҷуддин Ҳасанов соли 1917 корро аз шогирдии оҳангар дар Бухоро шурӯъ кардааст. Солҳои 1921—1923 котиби райком, кумитаи вилоятӣ, КМ ҲКИШ ҶХШ Бухоро кор кардааст;

Солҳои 1923-28 донишҷӯ ва дар солхои 1928—1930 сардори Мактаби ҳизбии шӯравии Сталинобод, мудири шуъбаи Главполитпросвет, Главлит — узви коллегияи Комиссариати халқии маорифи Точикистон[2].

  1. Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
  2. ХАСАНОВ Сирожедин Файзуллаевич. centrasia.org. ЦентрАзия. 21 июни 2022 санҷида шуд.