Кӯраш
Тавсифот | |
---|---|
Аввалин мусобиқот | |
Федератсияи байналмилалӣ | |
Лоиҳаҳои марбут | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кӯраш (ӯзбекӣ: kurash, тоторӣ: көраш, бошқ. көраш, қирғ. күраш, қаз.: күрас) — як навъ аз риштаи куштӣ дар миёни ақвоми турктабор.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихи пайдоиши кӯраш номаълум, вале онро гунаи тағйири номкардаи куштигирӣ (аз паҳлавии кустик — камарбанд ва феъли гирифтан, яъне камарбанд гирифтан)-и тоҷикон метавон гуфт. Дар ин варзиш ду нафар ба ҳам рақобат мекунанд, ки ҳадафи аслӣ гирифтани камари ҳариф ва андохтани ӯ ба пушт аст.
Қавоъид
[вироиш | вироиши манбаъ]Рақобатро довар қазоват мекунад. Барои соҳиб шудан ба имтиёз се равиш мавҷуд аст: 1. Ҳалол — андохтани ҳариф босуръат ба пушт ба замин ва нигаҳ доштани ӯ дар он вазъият; 2. Ёмбош (муодили имтиёзи тоҷикии паҳлу) — партофт ба паҳлу, ки нисфи ҳалол аст; 3. Чило (муодили имтиёзи тоҷикии бадан) — партофти шабеҳи ёмбош, ки меъёри мушаххасе барои имтиёз надорад. Кӯраш қавонини хосси худро соҳиб аст, ки нақзи ин қавонин ба унвони хато маҳсуб мешавад. Хатои аввал ва дуввумро тамбик (муодили тоҷикии огоҳӣ) ва дак (муодили тоҷикии танбеҳ) номанд ва хатои севум, ки ғиром ном дорад, боис мешавад, ки бозикун халъи салоҳият ва бозанда маҳсуб гардад. Либоси анъанавии кӯраш яктаки сабз ё сурх бо камарбанд ва шалвори сафед аст. Бозикуне, ки як ҳалол ё ду ёмбош ва ё чило дорад, барандаи рақобат маҳсуб мешавад. Дар кӯраш давомнокии рақобатҳо 4 дақиқа (мардон), 3 дақиқа (наврасон ва варзишкорони синнашон аз 35-сола боло) ва 2 дақиқа (кӯдакон, занон ва варзишкорони синнашон аз 56-сола боло) муқаррар шудааст.
Федератсия
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯраш федератсияи байналмилалии худ (Федератсияи байналмилалии куштии камарбандии кӯраш)-ро дошта, ҳамасола мусобиқоти Қаҳрамонии кӯраши ҷаҳон, Ҷоми кӯраши ҷаҳон ва қаҳрамонии кӯраши қоравӣ баргузор мекунад.
Куштигирони машҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳсин Булат (Барандаи ҷоми ҷаҳонии кӯраш; 2017);
- Айбек Нугимаров (қаҳрамони кӯраши ҷаҳон; 2008);
- Абдулло Танкриев (қаҳрамони кӯраши ҷаҳон; 2005).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султангареева Р. А. Башкирский народный куреш. Китап. Уфа 2009 ISBN 978-5-295-04925-5
- Хабибуллин, Ильгам Зульфарович. Национальная борьба курэш как элемент традиционной физической культуры башкирского народа : диссертация … кандидата исторических наук : 07.00.07 / Хабибуллин Ильгам Зульфарович; [Место защиты: Удмурт. гос. ун-т]. — Уфа, 2008. — 227 с. : ил.